Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин шеър нотамом аст ва ба кӣ бахшида шуданаш маълум нест. Шеърҳои ӯ ба талаботи шеърият, аз қабили ба кор бурдани воситаҳои тасвир ва санъатҳои шеърӣ комилан посухгӯ ҳастанд ва аз ҳунари суханварии Робиъа гувоҳӣ медиҳанд. Аз санъатҳои бадеӣ ташбеҳ, талмеҳ ва ширу шакарро бештар кор фармудааст.
Мисраъҳои пурраи арабӣфикри тазкиранависонро, ки вай шеърҳои арабӣ низ сурудааст, тасдиқ мекунад.
Робиъаи Балхӣ нахустин шоираи адабиёти форсӣ пас аз густариши дини мубини Ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр ва умуман Эронзамини таърихӣ, яъне Аҷам ба шумормеравад, ки шароити адабӣ ва фарҳангии давраи Сомониён ин булбули сарояндаи ишқу зебоиро ба гулистони адаб эҳдо намудааст. Инак, боз аз ашъори Робиъаи Балхӣ чанд пораи дигарро ба тарқи намуна меоварем:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Мино гирифт.

Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.

Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ,
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.

Сари наргиси тоза аз зарру сим,
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.

Чу рӯҳбон шуд андар либоси кабуд,
Бунафша магар дини тарсо гирифт?


Ман ҷудоям аз ёр аз он менолам,
Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоъид ёрӣ.
Ман нагӯям чун хуни дида биборам,
Ту чӣ гӯӣ чун хуни дида наборӣ.

Таҳияву тадвини Р.Қурбониён

пешина
аз 28