Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин вақт ҳокими Балх – Ҳорис низ барои миннатдорӣ ба дарбори Сомониён меояд, зеро дар ғалаба ба душманони аҷнабӣ лашкари амири Бухоро кӯмакаш карда буд. Устод Рӯдакӣ дар ин базми шоҳона шеърҳои Робиъаро қироъат мекунад, ки ба ҳамагон писанд меафтад ва сазовори таҳсину офарин мегардад. Аҳли базм мепурсанд, ки муаллифи шеъри кист? Устод Рӯдакӣ арз менамояд, ки дар шаҳри Балх шоираи боистеъдоде аст ва ин ғазал чакидаи хомаи ӯст ва бехабар аз ҳозир будани Ҳорис – бародари Робиъа, ҳарчӣ дар бораи Робиъа ва қиссаи ошиқии ӯ бо Бектош шунида буд, нақл мекунад.
Амир Ҳорис худро маст вонамуд намуда, қарор медиҳад, ки агар нақли Рӯдакӣ рост бошад, хоҳараш ва Бектошро ҷазои сахт медиҳад.
Амир Ҳорис ба ватанаш – Балх бармегардад ва дар ин бора пурсуҷӯ мекунад. Ба ногоҳ як ғуломи дигараш сандуқчаи Бектошро медуздад, ки дар даруни он номаҳои ошиқонаи Робиъа нигоҳ дошта мешуданд. ӯ он мактубҳоро ба Ҳорис медиҳад ва ӯ онҳоро хонда ба гуфтаи Рӯдакӣ бовар ҳосил мекунад. ӯ фармон медиҳад, ки Бектошро ба зиндон ва Робиъаро ба гармобаи гарму сӯзон афкананд ва рагҳои дасташро бибурранд. Ҳамин тавр ҳам мекунанд. Робиъа дар гармоба тоқат накарда, аз ғаму азоб бо хуни худ дар девор шеърҳо навишта, ҷон ба ҷонофарин таслим месозад.

пешина
аз 28
навбатӣ