Робиъаи Балхӣ

Бектош бошад, аз зиндон гурехта, Ҳорисро дар шаби хобаш қатл мекунад ва дар сари турбати дилдодааш бо ханҷар худро ҳалок месозад.
Шахси таърихӣ будани Робиъа, боқӣ намондани маълумотҳои дигар водор мекунад, ки ин нақлро ҳамчун воқеъияти таърихӣ қабул кунем. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достони шӯрангезро барои ифодаи ақидаи тасаввуфии хеш истифода бурда, қиссаи ишқу муҳаббати Робиъаро чун ишқи илоҳӣ ва ирфонӣ маънидод кардааст.
Барои боз ҳам хубтару возеҳтар равшан шудани рӯзгори Робиъаи Балхӣ достони «Ҳикояти Робиъа духтари Каъб»-ро аз асари «Илоҳинома»-и Шайх Аттор пешкаши шумо - хонандагони азиз мегардонем:
Амире сахт олирой будӣ,
Ки андар ҳадди Балхаш ҷой будӣ.
Ба адлу дод амири покдин буд,
Ки ҷадди ӯ маликзоди замин буд.
Ба мардиву ба лашкар саъб будӣ,
Ба ном он каъбаи дин Каъб будӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё