Робиъаи Балхӣ

Чу тири ғамзаи ӯ сар ба заҳ кард,
Дили ушшоқро омоҷгаҳ кард.
Шакар аз лаъли ӯ таъми дигар дошт,
Ки лаълаш нӯшдору дар шакар дошт.
Даҳонаш дурҷи марвориди тар буд,
Ки ҳар як гавҳаринтар з-он дигар буд.
Чу сӣ дандони вай марҷон намудӣ,
Нисори ӯ шудӣ ҳар ҷон, ки будӣ.
Лаби лаълаш зи ҷоми гавҳарӣ буд,
Шаробаш аз зулоли кавсарӣ буд.
Фалак гар гӯйи симинаш бидодӣ,
Чу гӯе бе сару по медавидӣ.
Ҷамолашро сифат кардан муҳол аст,
Ки аз ман он сифат кардан хаёл аст.
Ба лутфи табъи ӯ мардум набудӣ,
Ки ҳар чизе, ки аз мардум шунидӣ.
Ҳама дар назм овардӣ ба як дам,
Бипайвастӣ чу марворид дар ҳам.
Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки гӯӣ дар лабаш таъме дар он буд.
Падар пайваста дил дар кори ӯ дошт,
Ба дилдорӣ басе дилдори ӯ дошт.
Чу вақти марг пеш омад падарро,
Ба пеши хеш биншонд он писарро.
Бад - ӯ биспурд духтарро, ки зинҳор,
Зи ман бипзирашу тимор медор.
Зи ҳар ваҷҳе, ки бояд сохт кораш,
Бисоту тоза гардон рӯзгораш.
Ки аз ман хостандаш номдорон,
Басе гардункашону шаҳриёрон.
Надодам ман ба кас, гар ту тавонӣ,
Ки шоиста касе ёбӣ, ту донӣ!
Гувоҳи ин сухан кардам Худоро,
Бишӯлида магардон ҷони моро!
Зи ҳар ҷинсе сухан пешаш падар гуфт,
Пазируфт он писар ҳар ч-аш падар гуфт.
Ба охир ҷони ширин з-ӯ ҷудо шуд,
Надонам то чаро омад, чаро шуд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё