ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
ҲОЛНОМАИ АДИБ
Узви иттифоқи нависандагони СССР (с.1979), узви иттиҳоди рўзноманигорони СССР (с.1970), узви иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон (с.1997), нависанда, тарҷумон ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам 13 июни соли 1948 (аниқаш 5 декабри сол 1949) дар деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, пас аз хатми мактаби 8-сола, омўзишгоҳи ҷумҳуриявии фарҳангро дар ноҳияи Ленин, факултаи филологияи ДДТ (с.1973), мактаби олии сиёсии шаҳри Тошкентро (с.1977) бомуваффақият хатм намудааст. Дар рўзномаи ноҳияи Ленин «Ҳақиқат» (1966-1970), рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Советӣ» (1970-1975), дар идораи радио ва телевизиони тоҷик (с.1988-1990) дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Номи ў кайҳост, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он маълум аст. Вай муаллифи бист маҷмўаи очерку қисса, ҳикояву новелла ва даҳҳо асарҳои саҳнавӣ мебошад. Асарҳояш таҳти унвони «Заркор», «Меҳр» (бо ҳамроҳии И. Насриддин – 1973), «Хандаи бахт» (1974), «Маънии умр» (1977), «Давоми роҳ»
(1978), «Ду ҳафта дар БАМ» (бо ҳамроҳии Ҳ.Файзиев, 1979), «Дастони тиллоӣ» (1982), «Соҳибони замин» (1983), «Баландӣ»
(1984), «Роҳ дилҳо» (1985), «Ба истиқболи субҳ» (1987), «Подвиг» (1989), «Пеш аз борон» (1992), «Цветок прощания» (бо ҳамроҳии Қ.Файз, 1997), «Хезед, суд меояд!» (1997), «Дар қалби мо, дар ёди мо» (с.1999), «Панди рўзгор» (2000), «Мегўянд, ки Файзалӣ...» (2001), «Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи Абрешим» (бо ҳамроҳии Л.Чигрин, 2001, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хитоӣ) «Второй муж» (2002), «Покорение Согдианы», «Убийство в Майна-Сити» (бо ҳамроҳии Л.Чигрин бо забони русӣ, с.2003, «Нақше ба ёдгор» (с.2003) нашр шудаанд. Алҳол чор маҷмўаи нави асарҳояш омодаи чопанд. Асарҳои алоҳидаи Ато Ҳамдам дар чил маҷмўаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Асарҳояш ба бисёр забонҳо тарҷумаву нашр шудаанд ва ба ин восита дар аксари ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Эрон, Покистон, Чехословакиё, Лаҳистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ному осораш хуб ошноянд.
Ато Ҳамдам тайи зиёда аз сӣ соли охир дар сабки душвори адабиёт – драматургия заҳмат мекашад ва дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё