Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аввалин асари драмавиашро ў дар синни понздаҳсолагӣ, ҳангоми дар курси дуввуми омўзишгоҳи ҷумҳуриявии фарҳанг таҳсил карданаш навишта буд.
Нахустасари калонҳаҷмаш «Писари Ватан» соли 1981 дар саҳнаи театри мазҳакаи шаҳри Қўрғонтеппа бомуваффақият рўи саҳна омад. Намоишномаи «Ибтидо» бошад, соли 1982 аз тарафи коллективи ҳунарии театри давлатии академии драмаи ба номи устод Лоҳутӣ манзури тамошобинон гардид. Театр мавсими 55- умини худро бо ҳамин намоишнома оғоз намуд. «Ибтидо» аввалин асари калонҳаҷми саҳнаи тоҷик дар мавзўи синфи коргар буд ва аз ҷониби тамошобинон ва мунаққидон хуш пазируфта шуд.
Дар бораи намоишнома матбуоти Тоҷикистон, ҳамчунин рўзномаҳои марказӣ – «Правда», «Советская культура» тақризу гузоришҳои ҷолиб ба табъ расониданд.
Баъдан асарҳои калонҳаҷми Ато Ҳамдам «Пеш аз борон», «Бори каҷ», «Хезед, суд меояд!» «Сафармахсум», «Барзуи шуғнонӣ», «Сафармахсум дар Қаратоғ», «Барзу ва Рустам», «Саргузаштҳои нави Сафармахсум», «Як танга тилло» тавассути театрҳои касбии Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.
Мазҳакаи халқии «Сафармахсум» дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту-93» ба гирифтани «Гран-при» ва дар озмуни байналмилалии «Наврўз-93» дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ба дарёфти ҷоизаи аввал сазовор гардид. Офарандагони ин намоишнома дар ду фестивал соҳиби ҳашт мукофот гардиданд. 5 нафар офарандагони намоишнома бо фармони Президент ба гирифтани унвонҳои олии ифтихории мамлакат сазовор гаштанд. Соли 1994 театри академии драмаи ба номи Муллонепеси шаҳри Ашқобод ин асарро бо забони туркманӣ таҳия намуда пазироии гарму самимии мухлисонашро сазовор шуд.
Намоишномаи бисёрпардагии «Кори Рашид...» дар озмуни Умумииттифоқӣ (соли 1988) ба гирифтани дипломи махсуси Вазорати фарҳанги СССР, иттифоқи нависандагони СССР ва КМ ВЛКСМ сазовор гардид.
Ато Ҳамдам ҳамчун тарҷумон ҳам дар доираҳои адабӣ маълум аст. Вай асарҳои адибони машҳури дунё Азиз Несин, Тавфиқ – ал-Ҳаким, Георгий Марков, Василий Сапаев, Сотимҷон Санбаев, Бобониёз Қаюмов, Самуил Алёшин, Ги де Мопассан, Темур Пўлодов, Мақсуд Қориев ва амсоли инҳоро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.

пешина
аз 315
навбатӣ