ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
«Хайр, – гуфтам дар дил ба руҳи Умеда муроҷиат карда, – қасоси туро мегирам, Умедаи ман, Умедаи нокоми ман... Ман ин корро накарда наметавонам».
Хизмат тамом шавам – нашавам хабар расид, ки модарандари меҳрубонам тарки дунё кард. Зарбаи нави зиндагӣ бар сарам омад. Охирин умедам, соҳиби сарам, даргоҳи умедам аз дорулфано ба дорулбақо рахти сафар баст.
То ҳисобӣ карда ба диёр баргаштам, ки кампирро ҳаққу ҳамсояҳо ба хок супурданд. Ҳафту чилу соли модарандарамро додам.
Вақте донишҷўи донишкадаи политехникӣ шудам, ҳамсояи тарафи чапамон пеш аз ҳама ба табрикам омад. Ин сабаб дошт.
Вай кайҳо ҳавлии моро аз худ кардан мехост. Медонист, ки ман дар ин деҳа дигар дилкашолие надорам, чаро ки ҳама азизони хешро ба хок супурда будам. Имрўз ё фардо деҳаро аҷаб не, батамом тарк намоям. Ў баъди табрик худ хонаро нарх монд. Ҳоло ёд надорам. Лекин ман ҳавлиро бо нархи арзон ба ҳамсоя додам.
Як қисми пулро ба падари Умеда дода, хоҳиш кардам, ки дар рўзи иду маросимҳо фотиҳа гирифта арвоҳи гузаштагонро шод кунанд.
– Наход тамоман биравӣ? – бо ҳайронӣ пурсид амаки Назар.
– Ман боз меоям. Албатта, хабаргирӣ меоям. Наомада наметавонам. Ман бояд қасоси ўро гирам – инро гуфтаму худам ҳам намедонистам, ки чӣ сон қасос мегирам, дар куҷо, ба чӣ ранг?
– Худатро ба дами бало наандоз, бачам. Кори шудагӣ шуд.
Дигар Умеда барнамегардад. Худо худаш зўру тавоност, албатта ба нобакор ягон рўз не, ягон рўз ҷазо медиҳад. Ту аз рўзи худат намон, накунӣ, ки бо вай ноинсофҳо сар ба сар шавӣ. Аз дасти онҳо ҳама кор меоянд... Лекин ба деҳа биё. Ҳарчи ки набошад, хуни нофи ту дар ин ҷо рехтааст...
Ана, ҳамин тавр деҳаро, зодгоҳамро тарк гуфтам. Инак, аз байн даҳ сол гузашт. Бисёр вақт хумори деҳа мегирифт. Кимкадом қуввае маро ба ҷониби деҳа мехонд. Вале боз, ким-кадом қуввае садди роҳ мешуд: «Ба куҷо меравӣ? Дар он ҷо чиро гум кардӣ? Дар он ҷо туро кӣ интизор аст? Падару модари ту кайҳо хок шуданд. Ба он ҷо равӣ, кӣ дарашро ба рў ту боз мекунад? Ҳеҷ кас. Чаро ки ту ба онҳо бегонаӣ. Ҳа, бегонаӣ...»
Ин қувваи ғайр ҳамеша ба ман ғолиб меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё