Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз чанд вақт гузашту занги телефон баланд шуд.
– Нуров гўш мекунад, – ҷавоб дод ў гўшакро бардошта.
– Ман Салим. Мария дар ин ҷо ҳам як рўз кор кардааст, яъне як рўз пеш аз оне, ки ба шўъбаи алоқаи мо омадааст. Ўро дигар ҳеҷ кас надидааст ва намешиносад! Худи ҳозир баргардам.
«Аз ин мебарояд, ки «Мария» телеграммаро дар он ҷо мўҳр зада, аз ин ҷо фиристодааст, маълум мешавад, ки вай дар корҳои «Медвед» шарик мебошад! – аз дил гузаронд Раҷаб Нуров.
Телефон занг зад.
– Гўш мекунам!
– Ҷунайдов гап мезанад. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ Саид бори аввал барои адо кардани ҷазо ба Қазоқистон фиристода шуда будааст! Ў дар он ҷо дар кадом колония ҷазоро адо кардааст, аз рўи ҳуҷҷатҳои Вазорат маълум нест! – ахборот дод ў.
Дар чеҳраи Раҷаб Нуров аломати шодмонӣ ҳувайдо гардид.
«Риштаи ҷиноятҳои «Медвед» аз рўи далелҳои ҷамъшуда аз Қазоқистон сар шудагӣ барин. Бо Саид ҳам дар он ҷо шинос шудааст. Салим ҳарчи зудтар ба он ҷо равад, масъала тезтар ҳал мешавад. Худашро наёбем ҳам, ҳамтабақашро ёфтан мумкин. Барои ин боз як кори дигар кардан зарур». – Раҷаб ба андеша рафт.
Ниҳоят Салим ҳам омад. Раҷаб ба вай корҳои дар Қазоқистон иҷро мекардаашро маслиҳат карда, илова намуд.
– Ҳар хел тасодуфҳо ба амал омаданаш мумкин. Аз рўи ақлу идроки худат амал кун. Эҳтиёт шав!
Салим сар ҷунбонда аз кабинет баромад.

Шўъбаи ҷавоҳироти универмаги марказӣ серодам буд. Духтараки хушқаду қомате, ки мўйҳои фатилааш ба китфонаш ҳамоил буду дар вақти хаму рост шудан пеши рўяшро мепўшонд, гоҳ ба назди ин гоҳ ба назди он харидор рафта, чизҳои пурсидаашонро нишон медод. Ин дам ду марди дар қаду қомат баробар пайдо шуда, рў ба рўи сандуқи оханин, ки дар кунҷи рости шўъба ҷой гирифта буд, истоданд. Фурўшанда пайдо шудании онҳоро дида бошад ҳам, наздик наомад, бо қирраи чашм наззора мекард.

пешина
аз 315
навбатӣ