ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Онҳо ба воситаи ин асбобҳо кулфи сандуқчаи оҳанинро шикаста ҳама чизи дар дарунаш бударо гирифта, сандуқчаро партофта рафтанд. Дар қароргоҳашон «Медвед» бист дона соати тилло ва бист дона соати оддиро ба худ гирифта, боқимондаашро ба ҳамроҳаш дод:
– Ана, ин билет. Пагоҳ дар соати чори рўз парвоз мекунӣ!
Лозим шавӣ, боз даъват мекунам, хуш бош! – гуфта ба зудӣ ғайб зад.
«Медвед» ба назди Мария омад:
– Корҳо ҷо ба ҷо! – хабар дод ба ў.
Мария пурсид:
– Менглиқул рафт?
– Пагоҳ дар соати чор мепарад.
– Ман чӣ кор кунам?
– Ту чӣ кор мекардӣ?! Коратро кардан мегирӣ. Аз ту ҳеҷ кас гумон намебарад! Кофтуков тамом шавад, он тарафашро мебинем! – гуфт «Медвед».
– Ҳамту-ку, лекин имрўз ба шўъбаи алоқа кадоме омада, дар хусуси телеграмма пурсуҷў кардааст! Метарсам, ки боз ягон фалокат рўй надиҳад, охир ману шуморо баъзеҳо дида буданд-ку?!
– Ин тавр бошад, кор ранги дигар мегирад, духтар. Лекин, ба ҳар ҳол то тафтиш тамом нашавад, бояд ба ҷое наравӣ, туро бе асос ҳабс намекунанд! Ман ҳам то мавриди қулай бо ту вонамехўрам, ҳа, фаромўш накун! – Бо як дасташ аз миёни ў қапида, дасти дигарашро ба гардани ў халқа карда аз сару рўяш бўса карду ба холи сиёҳи бари рўяш ишора намуда гуфт:
– Инро гум кун, хавф камтар мешавад, мўи сунъиатро ҳам дигар истифода набар, либосҳоятро оддитар карда, инҳоро ба ман деҳ, – гўён тилловориҳоро аз панҷаҳояш, гўшворҳояшро аз гўшаш кушода гирифт. – Ҳоло вақти зебу зиннат нест. Акнун рав, аз сафедаш биёр! Либосҳои барои ман дилкашатро пўшида биё! – амр кард ў.
Мария аввал ба хонаи хоб даромада либосҳои рупўшашро дигар карда, аз болои таҳпўше, ки пистонҳояшро нимурён нишон медоду дар шўълаи нури чароғ бисёр дилчасп менамуд, хилъати ҳарири сафед пўшида, ба ошхона рафта сир ва сабзавот, як шиша коняки арманиро бо ду қадаҳ бардошта омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё