ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Менглиқул бо қатъият, гўё аз Салим ягон ҳуқуқи зиёдтар дошта бошад, бо зарда гуфт:
– Кор ин тавр нашудааст! Маслиҳат кардем-ку, ту меҳмони ман мешавӣ, фаро!
Салим дигар ҳеҷ чиз нагуфта аз мошин фаромад ва ҳамроҳи Менглиқул ба ошёнаи дуюм баромаданд.
– Фаҳмидам, чаро аз мошин нафаромадӣ. Санҷидӣ, ки ман аз ту тарсида ба хона таклиф намекунам! Фикрат баҷо не, лекин ман аз одамҳои тарсончаки ту мегуфтагӣ не, он ҷойҳоро ман ҳам дидагӣ! Агар намедидам, дар роҳ аз мошин мефаровардам. Умуман ту ба ман маъқул шуда истодаӣ, бача! – гуфт Менглиқул Салимро ба хонааш дароварда.
Салим изҳори миннатдорӣ кард.
– Эҳтиёт нисфи ҳаёт, додар, – гуфт Менглиқул. – Ман дар ин ҷо танҳо! Зану фарзанд надорам, метавонӣ ба ҳузур хонаи худат барин истироҳат кунӣ! – гуфта портфелашро ба кунҷи хона монда, ҷомадонашро кушода аз даруни он як курта ва шими спортӣ бароварда, ба болои миз гузошт.
Салим мехост бисёр чизҳоро аз ў пурсид, лекин ҳоло ў ин корро карда наметавонист, ҳаракат мекард, ки фақат ба саволҳои Менглиқул ҷавоб диҳад. Ин дам телефон дуру дароз занг зад.
Менглиқул гўшакро бардошт.
– Менглиқул гўш мекунад!
Аз он тараф кӣ гап мезад, Салим намедонист, фақат мефаҳмид, ки ў бо телефони байни шаҳрӣ гап мезанад.
Менглиқул:
– Ҳа, омада расидам, ҳама корҳо баҷо! – гуфта дар охир илова кард. – «Бародар» ёфт мешудагӣ барин.
Салим ба худ чунин андешид. «Медвед» бояд бошад? «Бародар» ёфт мешудагӣ барин!» – гуфтани Менглиқул ин чунин маънӣ дорад, ки – маро ба ҷои Саид истифода бурданӣ ҳаст».
Менглиқул баъди ба телефон гап задан либоси рўро кашида:
– Ман як шустушў кунам! – гўён ба гармхона даромада дарашро нимпўш кард. Салим мақсади ўро фаҳмида, аз ҷояш намеҷунбид, лекин бисёр мехост, ки як бало карда портфелро кушода, дар даруни он чӣ буданашро бинад! Аммо ин корро кардан ҳоло номумкин буд! Шаб дар хонаи Менглиқул монданаш ҳам хавфнок буд, чунки Менглиқул ҳатман ҳуҷҷатҳои ўро тафтиш мекунад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё