Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас ҳар ду сари мизе, ки Менглиқул тайёр карда буд, омада нишастанд. Дар рў ба рўи курсии Салим нишаста дар кунҷи чапи хона ҷевони начандон калон, дар болои ҷевон телевизори рангаи маркааш «Рекорд», дар болои телевизор бошад, ду расми на чандон калоне дар чорчўбаҳои зебо гирифта шуда буданд, меистод.
Дар расми аз тарафи рост истода, марди чорпаҳлўи мўи сари сиёҳ дошта, расми дар тарафи чап истода бошад, ба расми якум монандӣ дошт. Фарқ дар он буд, ки риши хурдакак ва пешонаи фарохи бемўй дошт. Ба назари Салим чунин менамуд, ки расмҳо ба сурати сухании «Медвед» хело монандӣ доранд. Менглиқул ба расмҳо диққат додани ўро пай бурда:

  • Чӣ, шинос менамояд? – гуфта пурсид.
  • Шинос – ку –не! Лекин ҳардуяш расми як кас барин, ба шарте риши инашро тарошем, мўи ваяшро гирифта партоем.
    Ҳарду хандиданд.
  • Зирак менамоӣ. Сағира, гапат ҳақ! Дар ҳар ду расм акси як кас. Як вақтҳо дар сирк найрангбоз буд. Ҳоло дар яке аз районҳои шумо директори хонаи маданият шуда кор мекунад.
    Рафиқи нағз, тахаллус ҳам дорад, ўро рафиқон «Медвед» меноманд, – гуфт Менглиқул.
    Салим калимаи «Медвед»-ро шунида қариб худро аз даст дод, вале бо азобе ҳаяҷонро аз танаш дур кард. Вай акнун бо пуррагӣ боварӣ ҳосил кард, ки Менглиқули мекофтагиаш ҳамин одам аст.
  • Чӣ, ў магар ном надорад? – пурсид Салим.
  • Ном ва фамилия дорад, вале аз рўи баъзе хислатҳои хирсонааш, ўро «Медвед» мегўем, – ҷавоб дод ў.
    Баъд сўҳбаташон хело қўр гирифт. Лекин дигар ба масъалаи «Медвед» барнагаштанд. Дар охир Менглиқул пурсид:
  • Вай рафиқатро аз куҷо меёбем?
    Салим, барои ин савол кайҳо ҷавоб тайёр карда буд.
  • Гўр хаёлам шавад. «Шикампо ба мурод мерасаду, ба мақсад не», мегўянд. Ман илтифоту меҳрубонии шуморо дида тамоман фаромўш кардам, ки вай маро дар станция мунтазир мешавад? Ҷои кор ва истиқоматашро намедонам, акнун чӣ бояд кард? – гуфта аз ҷояш бархост ва костюмашро ба китфаш партофту ҷомадонашро гирифта, ба роҳ баромаданӣ шуд.
пешина
аз 315
навбатӣ