ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Мирзодикак барин аз пеши роҳ набаро, ки боз таги по намонӣ. Худат нимҷонакак. Бинита қапанд, ҷонат мебарояд. Мард гуфтагӣ худаша ҳурмат мекунад.
Агар заррае мардӣ дошта бошӣ, суханҳои маро ба гўш бигир.
Ман на боигарӣ дораму на аз қабили он занҳое ҳастам, ки ту гумон мекунӣ. Гап ҳамин. Фаҳмо?
– Фаҳмо, хонум. Расо хушрў гап задед, ҳамааш аз рўи китоб.
– Модоме ки чунин аст, Исо ҳам бо роҳи худу Мўсо ҳам.
– Фаҳмидам. То дидан, – шунида шуд аз он тараф.
– Чӣ? То дидан: Алвидоъ! То рўи туро дидана рўи шайтонро бинам беҳтар!
– Шайтони бечораро ин қадар паст назанед, хонум. Мову шумо, ки худро инсон мешуморем, аз шайтон ҳам шайтонтарем.
Мо, инсонҳои палил, худамон гуноҳ мекунем, дар бало мемонад шайтони бечора. «Ин кори шайтон» гуфта, гуноҳи набударо ба сари ў мезанем.
– Боз ба фалсафафурўшӣ сар кардӣ. Хайр, шуд. Ман гўшакро мемонам, ба умеде ки дигар ҳаргиз бо туву бо шайтон рў ба рў нашавам!
– Бо ман-ку рў ба рў нашудатанон мумкин, лекин ба худо қасам, ки ҳоло дар зиндагӣ бо шайтону шайтонбачаҳо на як бору ду бор дучор мешавед!
Адолат гўшакро бо қаҳр ба ҷояш гузошт. Ва чанд лаҳза он ҷо беҳаракату ноҷунбон рост истод. Гумон дошт, ки ҷавони шилқин боз телефон карда, ҷонашро ба лаб меорад. Истод, хеле истод, чанд бор чашм ба гўшаки телефон дўхт. Не, телефон дигар садо надод.
– Хайрият. Аз афташ, суханам ба мағзи устухонаш кора кард,
– гуфт зери лаб ва ба ошхона рафт, то барои бачаҳо хўроки шом пазад.
Як шабу ду рўзи дигари Адолат орому беташвиш гузашт.
Чеҳрааш кушода, ба рўяш сурхӣ дамид. «Хайрият. Рўзи бо тинҷиву оромӣ мегузаштагӣ ҳам будааст дар ин айёми вазнин.
Хайрият, ки шилқину шумрў дигар пеши роҳам пайдо нашуду телефон накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё