Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Агар тавонам, агар аз дастам ояд, чаро не. Ту албатта ба ман аз осмон ситора биёр, ё аз бозори Ялта тухми анқо биёр намегуфтагистӣ?
– Не, не, ин чизҳо ба ман лозим не.
– Набошад чӣ кор кунам?
– Шумо бояд як касро ёбед.
– Вай кӣ будааст? Нишонӣ дорад?
– Бале, дорад.
– Ҷавони зебо?
Меҳрӣ табассум кард.
– Ман ўро намешиносам. То ҳол надидаам.
– Пас ў кист ва бо ту чӣ тавр ошно шудааст? Ба воситаи нома?
– Бале, ба воситаи нома.
– Пурсидана айбаш не. Вай туро чӣ хел ёфт? Баъд ин ки ту охир оиладор, дута фарзанд дорӣ...
Меҳрӣ боз фарох табассум кард.
– Мебахшӣ. Меҳрӣ. Муҳаббат сарҳаду хоб надорад, агар бедор шавад, пеши роҳашро на оила гирифта метавонаду на фарзанд. Агар махфӣ набошад, ту ўро дўст медорӣ?
– Ба Шумо чӣ хел фаҳмонам, Акбар-ако? Ин барои ман душвор. Ман, охир, меҳру навозиши ўро ҳеҷ гоҳ надидаам ва намедонам чӣ гуям?
– Аҷаб! Пардадор гап мезанӣ, Меҳрӣ. Оё метавонӣ дурусттар фаҳмонӣ?
Меҳрӣ хомўш монд. Оҳи сард кашид.
– Майлаш, ихтиёрат. Метавонӣ ба ман дигар чизе нагўӣ.
Фақат бигўй, ки ўро ёфта чӣ гўям? Аз кӣ салом гўям? Ё ягон нома менависӣ?
– Не, ҳоҷати мактуб не! – Салом гўед. Аз духтаратон салом гўед.
– Чӣ? – ман гаранг шудам. – Мебахшӣ, Меҳрӣ. Ман нафаҳмида... Э, ин каллаи ман. Фалак дар чӣ хаёлу ман дар чӣ хаёл. Бори дигар узр.
– Ҳеҷ гап не, Акбар-ако.
– Қиссаи ту аҷиб аст, аз афташ, Меҳрӣ? Бигўй, падари ту дар он ҷо чӣ кор мекунад? Чаро ту ўро то ҳол надидаӣ ва намешиносӣ?
– Худатон гуфтед-ку, қиссаи ман аҷаб аст. Фурсат шавад, нақл мекунам.

пешина
аз 315
навбатӣ