ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Н.Т.»
Бобокалонам аз мазмуни нома воқиф гашта мегўяд: «Ман инро пешакӣ медонистам. Гувоҳӣ дода буд дилам. Лекин сағирагӣ ва бекасу бе соҳиб буданаш маро мулоим кард. Беҳуда нагуфтаанд: сағира ба ҷое мерасад, сағирабон не. Илоҳӣ кўраш кунад нону намаки додаам. Илоҳӣ рўз набинад. Ту, духтарам, хафа нашав.
Ҳоло аз сад гулат як гулат нашукуфтааст. Соқу саломат сабук шуда гирӣ, он тарафаш ягон кор мешавад. Ман зинда бошам, ту хор намешавӣ».
Баъди ба дунё омадани ман боз аз ким-куҷои дигар номае ба номи модарам омадааст: «Фаҳмидам, ки духтардор шудаӣ. Табрик. Лекин ба умеди ман нашав. Маро дар ду дунё ҳам намеёбӣ.
Метавонӣ ҳаромиатро ба сағирахона супорию боз думи ягон кўрдамбали дигарро гирифта равӣ». «Номард! – аз қаъри дил фиғон мекашад модарам. – Беҳуда ба талвоса афтодаӣ. Ман туро дар ду дунё на ёд мекунам, на суроғ! Тифлакамро бо гули қаймоқ калон мекунам. Илоҳӣ ба нохуни фарзанд зор шавӣ!».
Афтидаву хеста калон шудам ман. Модарам ба ваъдааш вафо кард. Маро хор шудан намонд. Падарандарам марди хубе баромад. Онҳо воқеан маро бо гули қаймоқ калон карданд. Хонаамон сербачаву кача шуд. Лекин бо вуҷуди ин хама гоҳ-гоҳе хумори падаре, ки рўяшро ҳаргиз надидаам, мегирифт. Дар ёди вай дилам гум мезад. Вале боз худро тасаллӣ медодам.
Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи коргардонии донишкадаи ҳунарҳои зебо супоридам. Донишҷў шудам. Таҳсил хуш мегузашт.
Як рўз дар донишкада ба ман гуфтанд, ки марде туро суроғ кардааст. Чун маро пайдо накардааст, ба дасти шарикдарсам номае дода рафтааст. Ростӣ, номаро бо дастони ларзон кушодам.
Зеро то ба он рўз ман ҳеҷ гоҳ аз марди бегона номае нагирифта будам.
«Салом, духтарам, – менавишт марди ношинос. – Ман ба Душанбе омада пурсида-пурсида ҷои таҳсилии туро ёфтам. Ду рўз кофтам, наёфтам. Ман шитоб дорам. Дар дастам чиптаи ҳавопаймо. Насиб бошад, вақти таътили ту боз меоям. Ва мо он вақт бофурсат сўҳбат мекунем. Ба ту тамоми саргузаштамро мегўям. Нишонаи худро ба ту монда меравам. Шаҳри Ялта, тангкўчаи Киров, ҳавлии 14, утоқи 19. Тоҳиров Назир. Ба ман нома навис.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё