Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Гўед, ки ман нағз. Зану фарзанд, хонаи кори калон дорам.
– Албатта мегўям. Дигар таъиноте надоред?
– Не, ҳа, дарвоқеъ ба ў гўед, ки барои тўҳфа харида фиристодан ҳоло имкон надорам. Капитал намерасад. Худо хоҳад, агар ба дастам пул фуромада монад, баъд ягон чиз харида мефиристонам.
– Навакак ман ба шумо гуфтам, ки вай ба ягон тўҳфа ва чизи шумо ниёз надорад.
– Ин тавр бошад, без беҳтар. Салом гўед. Ва боз гўед, ки худо хоҳад, ягон руз ба дидори ҳамдигар мерасем. Дунё ба умед.
– Хайр, хуш монед, падари ширин!
– Хайр, ҳамшаҳр!
Ман бо кароҳат аз назди ў дур шуда будам, ки ба нохост чизе ба ёдаш расида бонг зад:
– Ҳой, братан! Ту кай меравӣ?
– Пасфардо! Тинҷӣ?
– Ҳа. Мехоҳам як оши палав бароят пазам. Оши палавро ёд кардагистӣ. Боз рафта нагўӣ, ки дар мусофирӣ ҳамшаҳрам ба хонааш таклиф накард. Ман шумоҳоро хуб медонам. Як ҷувол ғайбат мебаред.
Ҳайрон шудам. Чӣ ҷавоб диҳам. Ин мард рост мегуфта бошад? Хайр, канӣ як озмуда бинам.
– Хуб шудааст, ако. Ош бошад, ош-да. Рост гуфтед, палави тоҷикиро ёд кардам. Соати чанд телефон кунам?
– Расо соати як. Ман туро интизор мешавам. Боз ба ягон ҷои дигар наравӣ.
– Не, албатта, меоям.
Рафтам ба қароргоҳи худ. Рўзи дигар мувофиқи ваъда расо дар соати як ба хонаи Назир сим задам. Гўширо занаш бардошт.
– Салом, хонум, Назир-ако дар хона?
– Не!
– Намегўед, кай меояд?
– Имрўзу пагоҳ намешавад.
– Агар махфӣ набошад, ба куҷо рафтаанд?
– Ба Одесса.
– Оҳҳо! Дур рафтаанд-ку. Тинҷӣ бошад?
– Ҳа, тинҷӣ, бор меорад.
– Сақич?
– Бале!

пешина
аз 315
навбатӣ