ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Нақл мекунанд, ки мани дар парпечбастаро аз буни санге ёфтаанд. Аввал хостаанд ба сағирхона супоранд, чунки дар деҳа каси наздик надоштам. Падару модарам дар хонаи бачаҳо калон шуда, баъди хатми донишгоҳ ба ин деҳа роҳхат гирифта будаанд.
Дар поёни деҳа чолу кампири бефарзанде умр ба сар мебурданд. Ҳамонҳо маро ба тарбия мегиранд. Кампирро бо меҳр «оча» мегуфтаму пирамардро бо шавқ «ота». Солиёни зиёд намедонистам, ки волидайни ман нестанд онҳо. Инро вақте фаҳмидам, ки пирамард дар дами марг буд. Як бегоҳ, маро наздаш хонда, баъди андешаи тўлонӣ ҳамаашро гуфт.
– Агар аз ҷонам рамақе монда бошаду сари по шавам, албатта, писарам, хокҷои он шаҳидонро нишонат медиҳам...» ваъда дод дар охир.
Вале ў ба ваъда вафо накард – марги бемурувват халал расонд. Гумон доштам, ки пиразан – модархондам ин нияти амалинагаштаи пирамардро ба ҷо меорад. Вале вай дасткўтоҳ буд – дар куҷо хок шудани волидайни маро намедонист ва бо алам гуфт, ки дар ҷойҳои онҳо ба сари кабр рафтани занон расм набудааст.
Ман аз ин малўл нашудам, чунки бовар доштам, ёфт мешавад касе, ки қабри падару модари нокоми маро донад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бо мадади мўйсафедони деҳа манзили он шаҳидонро, ки кайҳо фурў рафта ба хок яксон шуда буданд, пайдо кардам ва зуд ба ифоқа овардам. Мадфанашон зиёратгоҳи доимии ман буд акнун.
Дар мактаб аълохон будам ман. Умеда ном ҳамсинфе доштам, ки дар ҳамсоягии мо умр ба сар мебурд. Ману ў бисёр вақт якҷоя дарс тайёр мекардем. Ин ҳамдамиҳои мо дар аввалӣ муқаррарӣ, бе ягон ният буд. Ҳини дар синфи даҳ таҳсил кардан пай бурдам, ки нигоҳи Умеда ба рафтору гуфтори ман бефарқ нест. Ман низ ба ў дил баста будам ва лаҳзае аз ў ҷудо шудан намехостам. Агар бо амри тасодуф рўзе ўро набинам, худро батамом аз даст медодам, чизи аз ҳама гуворои зиндагиро гум кардагӣ барин мешудам. Мо ҳамдигарро дўст доштем. Қарор додем, ки баъди хатми мактаб ҳамроҳ ба мактаби олӣ меравем – ман ба доншкадаи политехникӣ, вай – ба омўзгорӣ.
Вале... соли аввал бахтамон омад накард. Ҳарду ҳам аз имтиҳони сеюм ғалтидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё