Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавон ба духтар эътибор надода суханашро идома медод:
– Дар ин макон фаҳмидам, ки тарсам аз қабристону мурдаҳо беҳуда будааст. Онҳо ба касеву чизе кор надоранд. Ана, ҳамин хел, духтар нағз – ҷавон гашта ба пешу ақибаш нигоҳ кард. Аз духтар на пай буду на ҳайдар.
Ҷавон сар ҷунбонд:
– Афсўс, гапама то охир гўш накард. Тарсид, бечора!
Вай чанд қадам ба пеш гузошту баъд якбора истода дасташро боло карда, хитоб намуд:
– Ҳой мардум! Аз қабристон, аз мурдаҳо натарсед! Аз зиндаҳо тарсед. Ба разолату қабоҳат, фисқу фуҷур, бахилию ҳасудӣ танҳо онҳо қодиранд, на мурдаҳо!

«ОЧААТ МУРДААСТ...»

Файзалӣ як хеши сарватманд дошт. Дар яке аз вазоратхонаҳо вазифаи равғанинро ишғол мекард. Файзалӣ гоҳ-гоҳе аз рўи меҳр, ба хотири хешу таборӣ ба ў сим зада, мехост ҳолу аҳвол пурсад, вале ҳанўз пурсупосро сар накарда аз он тараф ба гўшаш чунин суханҳо мерасиданд.
– Амак, сабр кунед. Ман ҳоли ҳозир худам ба шумо телефон мекунам.
Инро мегуфту гўширо тараққӣ ба ҷояш мегузошт.
Бечора Файзалӣ то бегоҳ, телефони хешашро нигарон, на ба хўроки нисфирўзӣ мерафту на ба...
Вале, ҳайҳот. Аз замину аз осмон садо меомаду аз хеши ў не.
Ва ҳар дафъа, ҳол ҳамин. Хешаш овози Файзалиро шунидан баробар: «Сабр кунед, амак. Ман ҳоли ҳозир худам ба шумо телефон мекунам» мегуфту гўширо ба ҷояш мегузошт.
Файзалӣ баъди ин ба худ қарор дод, ки дигар он хешашро ҳаргиз ёд намекунад. «Чаро ў ин тавр рафтор мекунад? Шояд гумон кунад, ки ман аз ў чизе талаб дорам. Э, дафъ шавад. Илоҳӣ, ҳаргиз рўзам ба рўзи ҳамин одам намонад. Аз сад маҳалааш безорам».
Ва ҳамин тавр ў хеши сарватмандашро фаромўш кард. Аз байн се моҳ гузашт. Як пагоҳӣ аз деҳа хабари нохуш омад. Касе аз наздикони он ошно бандагиро ба ҷо овардааст.

пешина
аз 315
навбатӣ