ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Ҳа, Салимҷон! Тинҷӣ? Ягон нохўшӣ рўй дод магар? – хавотир кашида пурсид Раҷаб.
– Бале.
– Чӣ гап?
– Ёд дорӣ? Чанд моҳ пеш аз прокурор барои назорати Саид Сатторов иҷозат гирифта будем. Ҳоло ў дар беморхона аҳволаш вазнин, то ҳол ба ҳуш наомадааст. Хонаашро аз назар гузарондам. Ба фикрам кадоме ўро зада беҳуш карда, баъд ба сағонаи гармхонааш гузошта ба болояш оби ҷўш рехтааст. Аз хонааш ба ғайр аз ин қоғазча чизи дигар ёфт нашуд, – гўён Салим когазеро ба Раҷаб дароз кард.
Нуров коғазро гирифта ба он зеҳн монд. Дар он калимаи «Медвед» навишта шуда буд. Коғазро болои миз гузошта ба андеша рафт:
– Ин боз ҳамон Саид Сатторов нест, ки барои ғорат кардани Маҳмадшоҳ Ҳалимов, истиқоматкунандаи деҳаи Зиракӣ ҳабс шуда буд? – пурсид ў баъди андешаҳояшро ба ифоқа овардан.
– Бале, худи худаш. Чанде пеш аз ҳабс озод шуда буд. Одамони гирду пешро пурсидем, «Ҳеҷ касро надидем ва чизеро намедонем», мегўянд, – илова кард Салим.
Раҷаб қоғазпораро боз ба даст гирифта «Медвед, Медвед» – гўён зери лаб такрор кард.
– Фикри ту дар ин масъала?
– «Медвед» бояд лақаби одаме бошад, ки ўро ба ҳамин аҳвол расонидааст. Лекин... ман ин лақабро акнун мешунавам.
– Саид ягон лақаб дорад? – боз пурсид Раҷаб.
– Ба фикрам дорад. Ҳа! Ўро «Серӣ» меноманд.
– Серӣ-серӣ. Ба ақидаи ман «Медвед» бояд рафиқи ҳабсии Саид бошад? Ба кори Сорокин алоқаманд будани Саид ва «Медвед» аз эҳтимол дур нест.
Ин дам занги телефон баланд шуд. Гўшакро бардошт:
– Нуров гўш мекунад.
– Навбатдори шўъбаи корҳои дохилӣ, капитани милитсия Лолаев гап мезанад: – шунида шуд овози ҷарангоси навбатдор. – Дар қисми шимолии посёлка, дар километри ҳаждаҳум, касе занеро чанд корд зада гурехтааст. Шахсияташ маълум нест. Зан дар беморхона, аҳволаш бисёр вазнин. Мувофиқи ахбороти табибон «зинда монданаш дар гумон». Барои ба ҷои ҳодиса рафтан тайёр шавад, ҳамин ҳозир меравем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё