АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

НАВЪҲОИ ДОДАҲО ВА АМАЛҲО БО ОНҲО
Навъҳои додаҳо
Ҳар объект навъи муайян дорад. Навъ муайян мекунад, ки бо объект кадом амалҳоро иҷро кардан мумкин аст.
Биёед намудҳои асосии додаҳоро дар Python номбар кунем:
int — ададҳои бутун; float — ададҳои нуқтаи шинокунанда, ки бисёр қиматҳои касриро тақрибӣ нигоҳ медоранд; bool — қиматҳои мантиқии True ва False; str — сатри аломатҳо.
Ададҳои int дар Python дақиқ нигоҳ дошта мешаванд ва андозаи собити 32 ё 64 бит надоранд. Андозаи онҳо бо хотира ва захираҳои дастрас маҳдуд аст.
Ҳангоми навиштани ададҳои воқеӣ дар барнома, қисмҳои бутун ва касрӣ бо нуқта ҷудо карда мешаванд, на бо вергул. Масалан: x = 123.456 Тағйирёбандаҳои мантиқӣ аз навъи bool мебошанд ва қиматҳои True ё False-ро қабул мекунанд.
Ҳисобҳои бутун дақиқанд, аммо float метавонад хатои гирдкунӣ дошта бошад. Масалан, натиҷаи 0.1 + 0.2 одатан 0.30000000000000004 аст.
Ифодаҳо ва амалиётҳои арифметикӣ
Шумо метавонед ҳама гуна амалиётҳои арифметикӣ дар забони Python иҷро кунед. Ифодаҳои арифметикӣ дар як сатр навишта мешаванд.
Онҳо метавонанд ададҳо, номҳои тағйирёбандаҳо, операторҳои арифметикӣ, қавсҳо (барои тағйир додани тартиби амалиётҳо) ва даъватҳои функсияҳоро дар бар гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё