АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

ПЕШГУФТОР
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ донистани асосҳои алгоритм ва барномасозӣ яке аз талаботи муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз барномаҳои компютерӣ дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод, тиб, саноат, идоракунӣ ва ҳаёти ҳаррӯза васеъ истифода мешаванд.
Аз ин рӯ, омӯзиши тарзи таҳияи алгоритмҳо ва навиштани барномаҳо барои ташаккули тафаккури мантиқӣ, таҳлилӣ ва эҷодии хонандагон ва донишҷӯён дар марҳилаи гузаштан ба иқтисоди рақамӣ аҳаммияти калон дорад.
Китоби дарсии «Асосҳои алгоритм ва барномасозӣ бо забони Python»
бо мақсади шинос намудани хонандагон бо мафҳумҳои асосии алгоритмсозӣ, усулҳои ҳалли масъалаҳо ва қоидаҳои барноманависӣ таҳия гардидааст. Дар китоб кӯшиш шудааст, ки маводи таълимӣ бо забони сода, пайдарпай ва фаҳмо пешниҳод шуда, ҳар як мавзӯъ бо мисолҳои амалӣ, алгоритмҳо ва порчаҳои барномавӣ дар шакли амалӣ шарҳ дода шавад.
Python яке аз забонҳои муосир, машҳур ва серистифодаи барномасозӣ мебошад. Сохтори сода ва возеҳи он ба омӯзанда имконият медиҳад, ки диққати асосии худро на ба қоидаҳои мураккаби навишти барнома, балки ба моҳияти масъала ва тарзи ҳалли он равона намояд. Забони барномасозии Python барои омӯзиши ибтидоии барномасозӣ, таҳияи барномаҳои амалӣ, коркарди додаҳо, зеҳни сунъӣ, омӯзиши мошинӣ, иқтисоди рақамӣ, сохтани сомонаҳо ва автоматизатсияи равандҳо васеъ истифода мешавад.
Дар бобҳои китоб мафҳуми алгоритм, хусусиятҳо ва шаклҳои пешниҳоди он, муҳити барномасозии Python, тағйирёбандаҳо, навъҳои додаҳо, амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ, операторҳои шартӣ, даврҳо, функсияҳо ва сохторҳои асосии додаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, барои мустаҳкам намудани донишҳо масъалаҳо, саволҳои санҷишӣ, машқҳои амалӣ ва супоришҳои мустақилона пешниҳод шудаанд.
Тартиби ҷойгиршавии мавзӯъҳо аз сода ба мураккаб интихоб гардидааст. Хонанда аввал бо мафҳумҳои назариявӣ шинос шуда, сипас дониши худро тавассути иҷрои мисолҳо ва навиштани барномаҳо дар амал татбиқ менамояд. Чунин усули омӯзиш барои ташаккули малакаи мустақилона таҳлил кардани масъала, тартиб додани алгоритм, ниҳоят сохтани барнома, санҷиши натиҷа ва ислоҳи хатогиҳои барнома мусоидат мекунад.
Китоби мазкур барои хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва ҳамаи шахсоне, ки мехоҳанд барномасозиро аз сатҳи ибтидоӣ омӯзанд, пешбинӣ шудааст. Умед аст, ки он барои аз худ намудани асосҳои алгоритмсозӣ ва забони Python, рушди саводнокии рақамӣ ва омодагии хонандагон ба омӯзиши минбаъдаи технологияҳои муосир воситаи муфиди таълимӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё