АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

for n in range(2, 101):
flag = False for k in range(2, n):
if n % k == 0:
flag = True break if not flag:
print(n) Агар тақсимкунанда ёфт шавад, flag қимати True мегирад ва даври дохилӣ қатъ мешавад. Агар тақсимкунанда ёфт нашавад, адад сода аст ва чоп мешавад. Барои n = 2 даври дохилӣ иҷро намешавад ва адади 2 дуруст ҳамчун адади сода чоп мегардад.
Масъалаи 3. Дар экран "росткунҷ"-ро аз ду намуди аломат кашед.
Канорҳои росткунҷа бо аломати "0" ва қисми дохилӣ бо аломати "1"
кашида мешаванд.
for i in range(7):
for j in range(10):
if i == 0 or i == 6 or j == 0 or j == 9:
print('0', end='') else:
print('1', end='') print() Натиҷа:
0000000000 0111111110 0111111110 0111111110 0111111110 0111111110 0000000000 Машқҳои мустақилона
Барномае нависед, ки рақами моҳро қабул кунад ва мавсими мувофиқ ё паёми хатогиро нишон диҳад.
Ҳамаи роҳҳои бастабандии 100 кг себро дар қуттиҳои 5, 10 ва 15- килограмма ёбед. Шумораи қуттиҳои ҳар андоза адади бутуни ғайриманфӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё