АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

РЕКУРСИЯ
Рекурсия усулест, ки дар он функсия худро бевосита ё тавассути функсияи дигар даъват мекунад. Барои ҳалли масъалаи рекурсивӣ ҳолати асосӣ ва қадами наздикшавӣ ба он лозиманд. Ҳолати асосӣ ҷавоби тайёр дорад ва дигар даъвати рекурсивӣ намекунад.
Агар шарти қатъ нодуруст бошад ё параметр ба ҳолати асосӣ наздик нашавад, занҷири даъватҳо идома меёбад. Дар Python амиқии рекурсия маҳдуд аст; ҳангоми гузаштан аз ин ҳудуд одатан хатои RecursionError пайдо мешавад. Аз ин рӯ, барои ҳисобҳои хеле калон истифодаи давр метавонад мувофиқтар бошад.
Баъзе фракталҳо худмонандӣ доранд: қисмҳои онҳо ба шакли умумӣ монанданд. Секунҷаи Серпинский намунаи чунин сохт мебошад.
Расми 3. Секунҷаи Серпинский
Секунҷаи баробартарафро ба чор секунҷаи баробар тақсим карда, секунҷаи марказиро хориҷ мекунем. Ҳамин амал дар се секунҷаи боқимонда такрор мешавад.
Масъалаи 1. Факториали адади бутуни ғайриманфии n-ро ҳисоб кунед. Барои n ≥ 1: n! = n × (n − 1) × … × 1; мувофиқи таъриф 0! = 1. Масалан, 3! = 6.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё