Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

зина ҷорӣ намудани навобариро пеш гирад.

Асосан навоварии технологияи ахборӣ бояд давраҳои зеринро дошта бошад:

  1. Муайян кардани талабот бо технологияи нави ахборӣ барои истифодабарандагони оянда.
  2. Дархост ва талаботи технологӣ аз системаи нав.
  3. Таъмини барномавии система.
  4. Системаи ҷорӣ кардани навоварӣ.
  5. Омӯзиши гурӯҳи муайяни коргароне, ки дар оянда ба системаи нав кор мекунанд.
  6. Муаррифии системаи нав, дар аввали лоиҳагирӣ ва баъди тайёр кардани технологияи системаи нав аз тарафи менеҷерони корхона.
  7. Фаҳмонда додани моҳият ва бартарияти системаи нав аз тарафи менеҷерони корхона.
  8. Истифодаи реалии системаи нави технологӣ дар ҷараёни фаъолияти корхона.
  9. Дохил кардани индикаторҳои назоратии менеҷментӣ барои самараи ҷорӣ намудани функцияҳои идоракунӣ.
  10. Мутобиқгардонии системаи нав ба талаботи истифодабарандагони система ва истифодаи максималии имконоти система дар фаъолияти корхона.

Ҳамин тариқ, самаранокии ҷорӣ намудани технологияи нави ахбориро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин баҳо додан мумкин аст:

  1. Сифати система:
    дар кадом зина система корро иҷро мекунад;
    кадом масъалаҳоро дар бар мегирад;
    дурустӣ ва ахбори пурраи ҳодисаҳо;
    сифати ахбор, шакл ва намуди пешниҳоди он;
    арзишнокии ахбор барои фаъолияти менеҷмент ва умуман корхона.

  2. Сифати истифодаи технологияи нав:
    дараҷаи истифодаи ахборе, ки бо воситаи система ба даст оварда мешавад;
    фоиданокии ахбори нав барои пешравии фаъолияти менеҷмент;

пешина
аз 465
навбатӣ