Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нишондиҳандаҳои баланд ноил гаштан халал мерасонанд. Дигар гурӯҳи олимон дар ақидае ҳастанд, ки маҳз банақшагирӣ метавонад роҳи дурусти ба мақсад расидан бошанд.

Дар ҳақиқат мо тарафдори ақидаи дуюм мебошем. Қайд кардан зарур аст, ки банақшагирӣ пеш аз ҳама аз дуруст муайян кардани мақсад ва вазифагузории корхона вобаста аст. Баъд аз он мо бояд оиди шаклҳои нақша ва коркарду назорати онҳо андеша намоем. Мазмуни мафҳумҳои мақсад ва банақшагирӣ — қисми ҷудонашавандаи ҳар як ҷомеа мебошад.

Мақсад гуфта, ҳолати ояндаи корхонаро меноманд, ки мо мехоҳем дошта бошем ва барои ба он расидан ҳаракат менамоем. Моҳияти мақсад аз он иборат мебошад, ки ҳар як ташкилот барои намуди муайяни натиҷагирӣ вуҷуд дорад ва мақсад имконият медиҳад, ки онро муайян сохта, то ба коргарон расонем.

Нақша гуфта роҳеро меноманд, ки корхона барои ба мақсад расидан интихоб менамояд, нақша инчунин схемаи (нақшаи) тақсимоти захираҳо, ҷадвалҳои гуногун ва вазифаҳои гуногунро дар бар мегирад.

Зарурияти тартиб додани мақсад ва нақша дар расми 1 нишон дода шудааст.

Мақсади асосӣ

Талаботи беруна қонунӣ, асосноккунии мақсад аз нигоҳи маблағгузор, истеъмолкунанда, молтаъминкунанда

Талаботи дохила, қонуни асоснок, мотиватсия, роҳбарӣ, асос барои қабули қарор, стандартҳо

Мақсади стратегӣ/нақшаҳо. Менеҷерони табақаи олӣ

Мақсадҳо/нақшаҳои тактикӣ/Менеҷерони табақаи миёна

Мақсадҳо/нақшаҳои таъҷилии менеҷерони хатти аввал (табақаи поёнӣ)

Расми 1. Зинаҳои ташкилии нақшаҳо/мақсадҳо.

пешина
аз 465
навбатӣ