Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Pont, ки мақсади асосии худро барои равияҳои нави бизнес ва инкишофи равияҳои мавҷуда муайян намуд, бо ҳамон шарт, ки даромади солонаи аксияҳои корхона аз 16% кам нагардад. Лекин суст шудани суръати ҳаракати инкишофи саноати электроника ба паст шудани талабот ба маҳсулоти Dn Pont оварда расонд, ки дар натиҷа даромади солонаи аксияҳои ширкат 8,3% ташкил намуданд ва ширкат натавонист, ки яке аз мақсадҳои гузоштаро иҷро намояд. Умуман, банақшагирӣ менеҷеронро маҷбур месозад, ки аз хислатҳои ҳаррӯзаи кори худ даст кашида, талаботи худро доимо дигар намоянд ва доимо дар ҷустуҷӯи кору роҳи нави ба мақсад расидан бошанд. Махсусан, вақте ки менеҷерон ба кори ҳаррӯза банд шуда, равияи асосии кории худро гум мекунанд, хароҷотҳои иловагии идоракунӣ зиёд шудан мегирад.
Бинобар ин, мақсадгузорӣ ва банақшагирӣ аз менеҷменти олии корхона бояд сар шавад. Давраи якуми банақшагирӣ ин муайян кардани мақсади асосии корхона ва стратегияи мақсадҳо мебошад. Дар тартиботи дараҷаҳои мансабҳои иттиҳодиявӣ аз ҳама зинаи болоӣ ин миссия ё ин ки асосноккунии фаъолияти ташкилот меистад. Аниқ муайян намудани миссияи корхона таҳкурсии асосии мақсад ва нақшаи он мебошад. Мувофиқи тадқиқоти олимон зиёда аз нисфи ширкатҳои америкавӣ миссияҳои худро муайян менамоянд.
Арзи мақсад гуфта, ин умуман, муайян намудани равияҳои бизнес ва фаъолияти ташкилотро меноманд, ки аз дигар ширкатҳо фарқ мекунад. Дар арзи мақсад, асосан, бозори истеъмолкунанда ва ширкатҳои истеъмолӣ нишон дода шуда, пешниҳодҳо оид ба нуқтаҳои мустаҳкам кардани онҳо дода мешавад. Дар арзи мақсади ширкат, ё худ ташкилот, инчунин мақсадҳои асосии он ва фалсафаи соҳибкорӣ нишон дода мешавад. Мисол арзи мақсади ширкати сохтмонӣ дар чунин шакл доштанаш қарор доштанаш лозим мебошад:
Расми 2. Арзи мақсади ширкати «Бахтовар-2004»
Миссияи ширкати «Бахтовар-2004»
Мо аз мушкилӣ наметарсем, дар ҳама ҳолат ӯро ҳал мекунем ва кӯшиш мекунем, ки ба қуллаҳои баланд ҳаракат кардани худро нишон диҳем.
Мо инкишоф ёфта, имконоти беҳтар шудани дараҷаи зиндагии ҳар як коргарро пайдо мекунем. Мо ягон вақт манфаатҳои ҷамъиятро фаромӯш намекунем. Ҳаракатҳои мо барои барпо намудани баланси манфиати шахсӣ ва касбӣ мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо