Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ва иҷрои нақшаҳо менеҷерони табақаи миёна ба ӯҳда доранд. Мақсадҳои тактикӣ яке аз унсурҳои асосии мақсадҳои стратегии ташкилот мебошад.
Нақшаҳои тактикӣ бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ матраҳ мешаванд ва дар худ як давраи фаъолияти стратегии ташкилотро мегиранд, чунки онҳо асосан яксола мебошанд. Дар ташкилот нақшаҳои тактикӣ барои фаъолияти мушаххаси сохторҳои таркибӣ муайян карда мешаванд, ки барои иҷрои мақсадҳои стратегӣ равона шудааст. Коркарди фаъолиятҳои тактикӣ дар асоси стратегияи иттиҳодиягӣ, вазифаи менеҷерони табақаи миёна мебошад.
Натиҷаи аниқе, ки бояд шӯъбаҳо, гурӯҳҳои корӣ ва коргарони алоҳида ба даст оранд, мақсадҳои оҷилӣ (ҷорӣ) ном доранд. Ин мақсадҳо аниқ ва ченшаванда мебошанд. Мисол, дар давоми як ҳафта 20 супоришро қабул намуданд ва ё 80% супоришҳо бояд мувофиқи ҷадвал то санаи 20-уми моҳ ба анҷом расонида шавад.
Нақшаҳои оҷилӣ (ҷорӣ) дар зинаи поёнии ташкилот кор карда мешаванд, пайдарпаии фаъолият нишон дода шуда, роҳҳои иҷрои мақсадҳо ва нақшаҳои тактикии ҷорӣ муайян карда мешаванд. Дар асоси ин нақшаҳо тамоми фаъолияти менеҷерони шӯъбаҳо муайян карда мешаванд. Нақшаҳои ҷорӣ ин сохтани нақша-ҷадвалҳо барои менеҷерони шӯъбаҳо ва ҳар як коргарони алоҳида мебошад.
Ҷадвалҳо — қисми зарурии банақшагирӣ буда, онҳо дар воҳиди муайяни вақт иҷрои вазифаҳои ҷориро нишон медиҳанд, ки бе ин иҷрои мақсадҳои тактикӣ ва стратегӣ ғайриимкон мебошад.
Банақшагирии ҷорӣ бояд ба буҷаи ташкилот мувофиқат намояд, чунки иҷроиши ҳар як қисми фаъолият бе истифодаи захираҳо ғайриимкон мебошад.
Самаранокии мақсадҳои коркардаи ташкилот дар худ сохтори тартиботи дараҷаи мартабаҳоро дорад, яъне иҷро кардани мақсадҳои табақаи поёнӣ, имконияти иҷрои мақсадҳои болоиро доранд. Чунин як система «занҷири натиҷаҳои мобайнӣ» номида мешавад. Мақсадҳои оҷилӣ имкони иҷроиши вазифаҳои тактикӣ ва мақсадҳои тактикӣ бошад ҳалли масъалаҳои стратегиро таъмин мекунад. Барои ба мақсадҳои стратегӣ расидан аслан роҳбарияти болоӣ ҷавоб мегӯянд. Барои ба мақсадҳои тактикӣ расидан менеҷерони табақаи миёна, ҷавобгар буда, мақсадҳои оҷилӣ ба дӯши менеҷерони табақаи поёнӣ мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо