Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Банақшагирӣ имкон медиҳад, ки зарар ва фаъолиятҳои ғайрисамаранок барҳам дода шаванд.

Ҳамоҳангсозии пешакӣ маҳз бо мақсади барҳам додани фаъолиятҳои такроршаванда ва давраҳои иҷроиши кор гузаронида мешаванд. Агар мақсад ва роҳҳои иҷроиши он пурра маълум бошад, унсурҳои ғайрисамаранок пештар ислоҳ, ё барҳам дода мешаванд.

Дар натиҷаи банақшагирӣ стандартҳо ва нормаҳо муайян карда мешаванд, ки барои иҷро ва назорати кор зарур мебошад. Ҳангоми банақшагирӣ мақсадҳои аниқ муайян карда мешаванд. Баъди он функцияи назоратӣ иҷро карда шуда, менеҷерон нишондиҳандаҳои ҳақиқиро ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ муқоиса мекунанд, ки вобаста аз натиҷаи он хулосаи идоракунӣ бароварда мешаванд.
Ҳамин тариқ, бе нақшаи аниқи идоракунии ҳайати коргарон менеҷмент имкони назорати самараноки фаъолияти корхонаи худро надорад.

Бояд қайд кард, менеҷере, ки кори худро дар асоси банақшагирии дуруст ба роҳ мемонад нисбат ба менеҷерене, ки бе нақша кор мекунад, ҳосилнокии баландро ноил мегардад.

Қарори банақшагирӣ гуфта, ин мақсадгузорӣ, тақсимот ва азнавтақсимкунии захираҳо, муайян кардани стандартҳои фаъолияти ояндаи ташкилотро меноманд. Дар қабули чунин қарор ин раванди банақшагирӣ бо мазмуни васеъ ба назар гирифта шудааст. Банақшагирӣ бо мазмуни дақиқ ин тартиб додани ҳуҷҷатҳои махсус, нақшаҳо мебошад, ки қадамҳои аниқи корхонаро барои ба мақсад расидан дар бар мегирад.

Асосан нақшаи ташкилот чунин унсурҳоро дар бар мегирад:
ояндабинии инкишофи корхона;
вазифаҳо ва мақсадҳои ҷорӣ ва натиҷавии корхона;
механизми ҳамоҳангсозӣ ва тақсимоти захираҳо;

Асосан гурӯҳи зерини қоидаҳои нақшаҳоро ҷудо мекунанд:

  1. Иштироки теъдоди зиёди коргарон дар давраҳои гуногуни коркарди нақшаҳо. Аз нигоҳи психологӣ одамон тайёр ҳастанд, он нақшаҳое, ки худашон барои худашон муайян кардаанд, иҷро намоянд.
  2. Бефосилагии нақшаҳо. Ин қоида дар асоси характери бефосилагӣ доштани фаъолияти корхона пайдо мегардад.
пешина
аз 465
навбатӣ