Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
ҳамоҳангсозӣ бартарияти зиёдро усули иқтисодии идоракунӣ нисбат ба маъмурӣ
— идоракунӣ, доро мебошад. Вазифаи асосӣ — ин ташкил намудани шароити хуби истеҳсолӣ барои иҷрои мақсадҳои оптималӣ ва эҷодӣ фаъолият аст.
Батанзимдарорӣ ислоҳ намудан, ё худ дохил намудани тағйирот дар фаъолияти объектҳои идоракунӣ вобаста ба ҳолат ва талаботи иҷрои мақсадҳои корхона аст. Батанзимдарорӣ ҳамоҳангсозии фаъолиятро пурра мегардонад, вақте, ки дуюмин нокифоягӣ мекунад.
Барои ташкили самараноки ҳамоҳангсозӣ ва батанзимдарорӣ менеҷменти корхона бояд, ки ахбори пурраи дурустро бо дарназардошти монеаҳои садди роҳ, дошта бошад. Чунин монеаҳо метавонанд нақшаҳои рӯякии беасос, ё ин ки норасоии доимии ахбори идоракунӣ, инчунин қарори идоракунии бесифати гурӯҳҳои поёнии идоракунӣ бошанд. Ҳолатҳои суст будани тартиботи иҷрои вазифа, нокифоя будани баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлили фаъолияти корхона низ боиси батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият аз тарафи менеҷменти корхона мегардад.
- Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат — функцияҳои асосии иқтисодии менеҷмент ба ҳисоб мераванд. Мақсади асосии иҷрои ин функция таъмин намудани меҳнати самаранокӣ фаъолияти корхона мебошад. Дар навбати худ баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат бояд, ки самаранокии фаъолияти корхонаро таъмин намояд, яъне:
таъмини пурраи ахбори корхона;
истифодаи самараноки захираҳо;
саривақт аниқ кардани камбудию норасоӣ ва бартараф кардани онҳо;
муайян кардани захираҳои иловагии корхона ва сарчашмаҳои фаъолгардонии истифодаи онҳо.
Функсияи назорат барои менеҷмент моҳияти махсус дорад: Ин масъала дар таълифоти донишмандон М.Х. Мескон ва М. Алберт хеле хуб зикр ёфтааст: «Назорат ҳамчун ҷараёни таъмин намудани ба мақсад расидани ташкилот муайян карда шудааст».
Назорат дар фаъолияти менеҷер барои аз байн бурдани номаълумии ахбор
доир ба ҳолати ҷории фаъолияти корхона ва барои огоҳ кардани пайдоиши
ҳолатҳои касодӣ, вабасти номуайянии ахбори корхона, инчунин барои мунтазам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор