Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

13.1. Мафҳуми ҳокимият ва асосҳои ҳокимиятдорӣ

Асоси роҳбариятро таъсиррасонӣ, яъне таъсири психологие, ки бо мақсади тағйир додани рафтори одамон равона карда шудааст ташкил менамояд. Имконоти воқеӣ ва иқтидори таъсир намуданро ба одамон ҳокимият меноманд.

Итоат кардан ба ҳокимият маънои онро дорад, ки шахси итоаткор бечунучаро мувофиқи ақида ва рафтори пешгирифтаи шахси ҳокимиятдор рафтор ва амал намояд.

Ҳокимияти мустаҳкам кафолати вуҷуд доштани ҷамъият мебошад. Ҳокимият муносибатҳои иҷтимоие мебошад, ки чунин баҳо дода мешаванд:

  1. Ассиметрия будан, ин маънои онро дорад, ки субъекти ҳукмрон нисбати дигарон афзалият дорад.

  2. Ҳаракати доимӣ оид ба тағйир додани баланси мавҷудбудаи ҳокимият. Муттаносибии қувваҳои бо ҳам алоқаманди субъектҳои идоракунӣ дар ин маврид ба роҳ монда мешавад, ки яке аз онҳо мувофиқи зарурати пешомада онро барои иҷрои функцияи худ зарур истифода кунад, ки субъекти дигар бояд халал нарасонад.

Ҳокимият дар дохили ташкилот вобаста аз уҳдаи ҳалли масъалаҳо баромадан доим тағйир ёфта меистад. Касе, ки масъалаҳои дар пеши ӯ гузоштаро хуб иҷро мекунад, ба ӯ ҳиссаи зиёди ҳокимият насиб мегардад. Ин бевосита зиддияти шахсонеро пайдо мекунад, ки мехоҳанд ҳокимияти худро нигоҳ доранд. Агар ба ин масъала ба таври умумӣ нигарем ҳокимият ин ҳаракат барои худнигоҳдорӣ мебошад.

Омилҳои мубориза барои ҳокимият инҳо мебошанд: мотивҳои шахсӣ; мақсадҳои стратегӣ; норасогии захираҳо.

Сохтор ва унсурҳои маҳдудиятии ҳокимият инҳо мебошанд: ба истеъфо рафтан, итоат накардан, тақризи ҳокимиятдорон, истифодаи сохторҳои назоратӣ ва ғайра.

  1. Мақсаднокии ҳокимият;

  2. Таия ба захираҳои муайян;

  3. Мавҷуд будани механизми махсуси ҳокимиятдорӣ;

пешина
аз 465
навбатӣ