Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

синну сол, инкишофи техникӣ, пайдоиши қувваҳои нави қобилиятнок боиси кам гаштани ин фарқиятҳо мегардад. Роҳбаре, ки бартарияти худро нисбати коргарон аз даст медиҳад, дигар аз ӯҳдаи ҳокимиятдорӣ баромада наметавонад.

  1. Дар замони ҳозира мутахассисони баландихтисоси касбӣ пайдо шудаанд, ки барои ҳокимиятдорӣ ба онҳо усулҳои маъмурӣ-фармондиҳӣ ғайриимкон мебошад.

  2. Ба миён омадани шаклҳои алтернативии сохтори ҳокимият, ки дар шакли мувозӣ аксари масоилҳои иҷтимоиро ҳал карда, шароити хуби корӣ пайдо мекунад. Дар натиҷа хоҳ нохоҳ анъана ва боварии итоаткоронро тағйир дода, ба сустшавии ҳокимият ва ҳатто оқибат ба шикасти он оварда мерасонад.

  3. Тағйир ёфтани муносибатҳои муҳити беруна ва дохилаи байни коргарон. Коргарон аллакай дорои ахбори васеъ оид ба ҷои кор, музди меҳнат, шароити корӣ ва дигар имтиёзҳо гашта, хоҳиши ба он ҷойи кор рафтанро пайдо мекунанд. Дар ин маврид низ ҳокимияти роҳбарони корхонае, ки ба талаботи замонавӣ мувофиқ нест хеле коста гашта, роҳбар нақши ҳукмрониро аз даст медиҳад ва шакли фаъолияти худро дигар карда ба илтимосу зории итоаткунандагон мегузарад. Дар натиҷа ҳокимиятдории роҳбарикунанда ба итоаткунанда мубаддал мегардад.

13.2. Роҳҳои истифодаи ҳокимият дар фаъолияти роҳбарӣ

Дар амалия ҳокимият дар ҷараёни роҳбарӣ амалӣ мегардад, яъне фаъолияти идоракунии меҳнатии якуояи одамон, рафтори онҳо, ки барои ба мақсад расидан кӯмак мерасонад. Роҳбарӣ карда тавонистан дар мактабҳо омӯхта намешавад. Ин хосиятро аксар одамон аз давраи таваллудашон бо худ дошта, дар давоми ҳаёташон онро фақат инкишоф медиҳанд.

Дар роҳбарии одамон ҳақиқати мутлақ дида намешавад, чунки ҳар як рафторро ҳам меъёрӣ ва ҳам ғайримеъёрӣ баҳо додан мумкин аст. Ба рафтори одамон шароитҳои воқеӣ, таъсири роҳбар ва урфу одати миллӣ таъсир мерасонад.

пешина
аз 465
навбатӣ