Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
-
Хусусияти маҳсулоти истеҳсолӣ - фурӯш ва хизматрасонӣ баъди фурӯши мол.
-
Хусусияти хоси худи корхона - сохтори дохила ва тағйирёбии он, системаи идоракунӣ, инкишофи ҷараёни интеграсионӣ ва ғайра.
-
Мавҷудияти захираҳои моддӣ, молиявӣ, ахборӣ ва кормандони корхона - ҳар қадар, ки корхона дорои захираҳои зиёд бошад, ҳамон қадар имконоти амалӣ гаштани нақшаҳои стратегии корхона бештар мебошад.
-
Санъати идоракунӣ ва мувофиқан касбии роҳбарияти ташкилот - қобилияти баланди роҳбарӣ доштани менеҷмент, пешвоӣ, муҳити хуби рӯҳии коллектив.
-
Дараҷаи таваккали фаъолияти роҳбарияти корхона - вобаста ба дараҷаи тайёр будан, таҷрибаи корӣ, муносибат ба муҳити беруна, кормандони корхона, характери фаъолияти онҳо ва уҳдадориҳо низ ба стратегияи корхона таъсир мерасонанд.
Дар асоси стратегияи коркардашудаи менеҷмент, системаи чорабиниҳои амалигардонии он сурат мегирад. Дар якҷоягӣ ин системаҳоро сиёсати стратегии корхона меноманд. Сиёсати стратегӣ дастурамали асосии роҳбарии фаъолият ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ мебошанд. Мисол, дар сиёсати кормандии корхона агар вазифаи беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифатии корхона муайян шуда бошад, он гоҳ хоҳ нохоҳ ба таъсири омилҳои маълумот, синну сол, ҷинсият, забону миллат ва дигар омилҳои иҷтимоию рӯҳӣ дучор мегардад, ки хеле ҳам мушкил мебошанд. Бинобар ин, дар иҷроиши нақшаҳои стратегии корхона як қатор қоидаҳои рафтор ва қонуниятҳою меъёрҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳоро тартибот меноманд.
Тартиботи дохила - ҳуҷҷати стратегии менеҷмент мебошад, ки намегузорад одамон, бахусус роҳбарони звеноҳои алоҳида худсарона, мустақилона қарорҳои ғайриқонунӣ бароранд, ки ба муҳити рӯҳии коллектив таъсири манфӣ расонад. Пайдарпайии иҷроиши талаботи тартиботро қоида меноманд. Идора кардани ҷараёни иҷроиши фаъолияти стратегии корхона аз рӯи қоида осон буда, фазои номуайяниро аз корхона дур месозад.
Ҷараёни ташаккули стратегӣ бо тартиботи зайл сурат мегирад:
❖ мақсадгузорӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор