Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
баҳодиҳии имконот ва захираҳои ташкилӣ;
ташкили стратегияи умумии корхона.
Яке аз мутахассисони бузурги илми идорӣ Г. Минсберг се модели ташаккули стратегияро ҷудо мекунад:
- Стратегияи банақшагирӣ.
- Стратегияи соҳибкорӣ.
- Стратегияи «омӯзиши таҷриба», ё худ стратегияи «маркетинг» дар асоси системи ахборӣ ва коркарди он.
Шартан стратегияи ташкилии корхонаро ба ду қисм ҷудо мекунанд:
стратегияи функсионалӣ;
стратегияи инкишоф.
Стратегияи функсионалӣ — гуфта рафтори ташкилотро дар бозор вобаста ба фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда ва хизматрасонӣ меноманд. Ба ақидаи иқтисоддони амрикоӣ М. Портер, се варианти чунин стратегияро ҷудо кардан мумкин мебошад:
пешво будан дар хароҷоти кам;
дифференсатсиякунонии фаъолият;
навовар ва мушоҳидакорӣ.
Стратегияи пешво будан дар хароҷотҳои кам дар ташкилотҳо аксари маврид дида мешаванд. Ин шакли инкишоф бо мақсади гирифтани фоидаи зиёд, аз ҳисоби кам кардани хароҷотҳои доимӣ ва гардони воситаҳои корхона. Раванди асосии фаъолияти корхона ин баланд бардоштани ҳаҷми фурӯши молҳо ва даст кашидан аз лоиҳаи қиммат мебошад.
Истифода аз чунин як вариант имкон медиҳад, ки нархи молро паст карда, ҳаҷми фурӯши молро зиёд намоем. Бо воситаи омили “нарх” корхона метавонад, бозорҳои навро ба худ гирифта, мавқеашро дар бозор мустаҳкам намояд.
Хавфнокии чунин як варианти инкишоф дар он аст, ки тағйироти технологии истеҳсолӣ, дигаргун шудани талаботи истеъмолкунандагон, аз худ кардани технологияи нави пешқадам аз тарафи рақибони корхона маҳсуб мешавад. Бинобар ин ташкилоте, ки ин варианти инкишофро пеш мегирад, бояд ки доимо доир ба модернизатсия, ё ин ки танзиму тағйиротҳои баъзе равандҳои фаъолият тайёр бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор