Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

дар бозор пеш гузарад. Даромаднокии чунин шакли инкишоф се карат зиёд мебошад, аммо дараҷаи таваккал бошад хеле ҳам баланд аст.

Стратегияи мушоҳидаи фаврӣ дар асоси мушоҳидаҳои тағйироти муҳити беруна ба роҳ монда шуда, бартарӣ дар асоси мутобиқгардонии фаъолият дар муҳлати кӯтоҳ ба шароити нави истеҳсолӣ сурат мегирад.

Инчунин тадқиқотчӣ М. Портер “Стратегияи ҷомадонӣ”-ро низ қайд кардааст.

14.2. Стратегияи инкишофии ташкилотҳо

Агар стратегияи функционалӣ дар навбати аввал ба фаъолияти ҷории корхона тааллуқ дошта бошад, стратегияи инкишоф ҳамчун объект дараҷаи захиравию истеҳсолӣ ва бартарияти рақобатии корхона намудор мегардад. Дар шароити феълӣ чор шакли стратегияи инкишофро ҷудо мекунанд:

  1. Стратегияи инкишоф.

  2. Стратегияи инкишофии мунтазам.

  3. Стратегияи камкунӣ.

  4. Стратегияи омехта.

  5. Стратегияи инкишоф аслан ба ташкилоти нав тааллуқ дошта, новобаста аз соҳаи фаъолият онҳо ҳаракат мекунанд, ки дар як муддати кӯтоҳ мавқеи аввалро дар бозор ба даст оваранд. Ин стратегияи менеҷмент ба васеъ кардани ҳаҷми фаъолияти корхона мусоидат намуда, тамоми захираҳо ба он сафарбар карда мешаванд.

Чунин шакли стратегия имкон медиҳад, ки ташкилот аз пешрафти илму техника истифода бурда, имкониятҳои худро васеъ намояд ва дар бозор мавқеи пешвоиро ба даст орад. Масалан, ширкати «Microsoft», ки бо коркарди барномаҳои компютерӣ машғул аст, чандин сол боз дар сафи пеш қарор дорад.

  1. Стратегияи инкишофии мунтазам. Чунин шакли стратегия ба корхонае мувофиқ аст, ки аллакай пурра ҷои худро дар бозор ёфтааст ва дар соҳаи муайяни иқтисодӣ мавқеъ дорад. Дар ин корхонаҳо низ пешравии иқтисодӣ дида шавад ҳам, дар сатҳи ночиз қарор дорад. Дар ин корхонаҳо таваккали зиёд ҳам кардан зарурият надорад.
пешина
аз 465
навбатӣ