Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Амалӣ гардонидани чунин як вариант боз дар ҳолатҳои зиёд шудани беқурбшавӣ, паст шудани қобилияти харидории фоида ва дигар ҳолатҳои сиёсӣ мушкил гашта ғайрисамаранок мегардад.
Стратегияи мутобиқкунонии фаъолият бо роҳи махсусгардонии ташкилот барои истеҳсоли моле, ки моҳияти яккафунксионалӣ дорад ва харидорони вижадеро пайдо мекунад. Бартарияти варианти инкишоф дар он мебошад, ки корхона ягона истеҳсолкунандаи мол мегардад, ки дигар ягон рақиб монанди ин корхона ҳамин намуди молро бароварда наметавонад. Мисол хизматрасонии соҳаи автомобилӣ, “истеҳсоли резинаҳо” фақат ширкати “Мотодор” дар ҷои аввал меистад, ки новобаста ба арзишашон харидор ин резинаро интихоб мекунад.
Равияҳои асосии стратегияи дифференсионалӣ чунин мебошанд:
- Истифодаи ашё ва маводи беҳтарин.
- Беҳтар кардани сифати мол.
- Ташкил кардани комбинатсияи мол.
- Таъмини хизматрасонии иловагӣ.
- Беҳтар кардани системаи тиҷорати мол.
- Нишонгирӣ ба талаботи истеъмолкунанда.
Маълум аст, ки дифференсатсиякунонӣ низ андозаи худро дорад, яъне истеҳсолкунанда наметавонад, ки бемайлон сифати молро беҳтар карда хизматрасониро хуб намояд. Бинобар ин, зарурияти истифодаи варианти “сеҳр”-и ба вуҷуд меояд. Чунин усули истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ ба гурӯҳи ками истеъмолкунандагон хос буда, нархи хеле баланди молдоро талаб мекунад. Мисол: Дар саноати автомобилсозӣ, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба дараҷаи баланди худ расидааст ва бозор пурра бо мол таъмин аст. Менеҷменти аксари фирмаҳои калон аз қабили “Ченерал Моторс”, “Волва”, “Тойота” ва дигарон ин вариантро пеш гирифтаанд: Харидор метавонад ранг, шакли салон, таҷҳизотҳои иловагӣ, телевизор, оина ва ғайраро мувофиқи хоҳиши худ фармоиш диҳад.
Инчунин шаклҳои стратегияи навоварӣ ва мушоҳидаи фавориро ҷудо мекунанд:
Стратегияи навоварӣ дар ҳолате дида мешавад, ки агар ташкилот бо роҳи ҷорӣ намудани технологияи нав ва навовариҳои хизматрасонӣ аз рақибони худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор