Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дар вақти кам ва бо хароҷоти кам ба даст оварда мешавад, мавриди писанди ҳама аст.
Баромадан ба бозори нави фурӯши мол ва васеъ намудани бозори пешниҳоди он бартарияти корхонаро дар рақобати бозор нисбат ба рақибони худ, ки дар натиҷаи навоварӣ ба даст меоранд, мемонанд. Навоварӣ имкон медиҳад, ки корхона ба якчанд бозор якбора моли худро васеъ карда, фоидаи иловагӣ ба даст орад.
Беҳтаркунии пурраи воситаҳои техникии корхона ба ташкилот имкон медиҳад, ки маҳсулоти худро бо сифати аълои нав истеҳсол намояд ва вобаста ба техникии нав арзиши аслии маҳсулотро паст намуда, қобилияти рақобати онро баланд бардорад.
Таҷрибаи корхонаҳои муштараки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки хароҷот барои таҷҳизоти нав ва раванди навсозии онҳо самаранокии бештар мебошад.
Истифодаи технологияи навтарин яке аз хислатҳои махсуси инкишофи илмию техникӣ дар замони нав мебошад. Чунин ҳолат на танҳо барои маҳсулоти технологияи баланддошта, балки барои аксари маҳсулоти рӯзмарра зарур мебошад. Пайдоиши моле, ки дар бозор аз рӯи технологияи нав ҳосил шудааст, диққати аксариятро бо худ ҷалб карда, фоидаи зиёд меорад. Қайд кардан зарур аст, ки дар аксар маврид технологияи нав имконият медиҳад, ки арзиши аслии маҳсулот паст шуда, нархи он талаботро қонеъ гардонида, фоидаи зиёдро ба даст орад.
Ташкил, ҷорӣ ва амалӣ намудани навоварӣ ва ихтироот низ аз равандҳои зарурӣ ва ояндадори навоварӣ ба ҳисоб меравад. Аксари мавридҳо ихтироотҳои бузурге пайдо мегарданд, ки боиси тағйироти куллӣ дар пешрафти илмию техникӣ мебошанд. Навоварӣ дар ҷорӣ намудани ихтироот ва кашфиётҳо маблағгузорӣ ва дастгирии корҳои илмию тадқиқотӣ мебошанд.
Ҷорӣ намудани ихтироот ва кашфиётҳо имкон медиҳанд, ки ташкилот дар бозор мавқеи нав пайдо карда, фоидаи зиёдеро ба даст дароранд.
Истифодабарии сарчашмаҳои нави қувва, ашё ва тақсимоти оптималии захираҳо ба ташкилот имконият медиҳад, ки сарчашмаи арзони захираҳоро пайдо карда, дар шароити бӯҳрони қувваи барқ корхонаро наҷот диҳад. Тақсимоти оптималии истифодаи захираҳо имкон медиҳанд, ки ташкилот бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор