Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хароҷоти камтарин самаранокии калонро ба даст оварад, ки дар шароити феълии беҳтарин қувваи бунёдӣ ба ҳисоб меравад (электромобилҳо, истифодаи қувваи шамол, шуои офтоб, қувваи об ва ғайра).

Дигаргунсозии куллии ташкили корхона маблағгузориест, ки барои дигаргунсозии сохтори нави хизматрасонии фаврии маркетингӣ, беҳтар шудани идоракунии гурӯҳҳои истеҳсолӣ, баланд шудани дараҷаи касбии кормандони фоидаи ташкилӣ ва идоракунии корхона равона мешавад. Дар ин ҳолат самаранокӣ асосан аз корхона ҳосил мешавад. Дар ин ҳолат маблағгузории бевосита аз ҳисоби истифодаи технология ва системаи ахбории нав, баланд шудани идоракунандаи захираи меҳнатӣ дида намешавад. Аммо, дар баробари баланд шудани талабот ба навоварию идоракунӣ менеҷер маҷбур аст, ки дониши худро баланд бардорад.

Қариб аксари навовариҳо барои бевосита зиёд намудани дараҷаи даромаднокии корхона равона мегарданд.

Навоварӣ ва ҳакӣ дар асоси риояи шартҳои зерин вуҷуд дошта метавонад:

  1. Тағйироти куллӣ доштани навоварӣ аз нигоҳи менеҷмент дар он бармеояд, ки он бояд хислати сифатӣ дошта бошад. Мисол, пайдоиши асбобҳои нави рӯзгор дар бозор, созмон додани ташкилоти нави сайёҳӣ ва роҳи нави сайёҳӣ, пайдоиши шаклҳои нави хизматрасонии телефонӣ, навоварӣ дар бозор мебошанд.

  2. Пайдоиши сифати нави мол ва хизматҳо новобаста ба он, ки ҳаҷми навоварӣ кадом масоҳатро дарбар мегирад, агар дигаргуниҳои сифатии пулию молӣ корхонаро намоён насозанд, навоварӣ ҳисобида намешавад. Масалан, зиёдшавии ҳаҷми моли корхона ин навоварӣ намебошад.

  3. Молиягузории мақсадноки васеъ, яъне маблағгузории васеи махсус барои коркард, барпо сохтан ва ҷорӣ намудани моли нав ва хизматҳо, ки навоварӣ дар навбати аввал талаб дорад. Имрӯз аксари навовариҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузории хориҷӣ вобаста мебошанд.

  4. Ҳисобҳои аниқи амалишавандаи навоварӣ, яъне аз ҷиҳати иқтисодӣ, ки ҳамчун асоснок будани лоиҳаи стратегии менеҷментро мефаҳмонад, он мӯҳлат ва натоиҷи ҷорӣ намудани дақиқро тақозо мекунад.

пешина
аз 465
навбатӣ