Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Бехатарӣ ва
эминӣ
Ба мақсад
расидан
КОЛЛЕКТИВ
Обрӯю
эътибор
Ҳукмронӣ
Ба мақсад
расидан
Аъзогӣ
Расми 1. Омилҳои асосии ташкили коллективҳо.
Баъд аз он, ки одамон дар гурӯҳҳо муттаҳид шуда, коллективро ташкил мекунанд, давраи дувуми ташаккули он пайдо мешавад: Дар ин давра асли мақсад, сохтор ва усули роҳбарии он муайян мегардад. Вақте одамон худро дар ҳайати коллектив ҳис мекунанд, уҳдадориҳое падид меоянд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад. Аз ин рӯ давраи 3-юм шурӯъ мешавад. Давраи 3-юм ба унвони давраи зиддиятҳо ёд мегардад. Чунки дар давраи дуюм муноқишаҳои дохилии коллективӣ пайдо мегардад. Барои одаме, ки дар алоҳидагӣ кор кардааст, дар ҳайати коллектив ва фармонро итоат кардан хеле мушкил аст. Ин давра вақте анҷом меёбад, ки иерархияи идоракунӣ муайян гардад, яъне ба ки бояд итоат намоянд. Дар ин равиш ҳуқуқи уҳдадориҳои ҳар як аъзои коллектив муайян мегардад.
Дар натиҷа давраи дигар, давраи тартиботӣ пайдо мегардад. Аллакай дар ин давра сохтори дохилии коллектив бунёд мегардад, аъзои он қоидаҳои рафтори умумиро қабул менамоянд, ҷойҳои корӣ муайян шуда, супориши корӣ пайдо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор