Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

15.2. Ташаккулёбӣ ва инкишофи коллективҳои меҳнатӣ

Дар шароити имрӯза аксар маврид менеҷерон коллективҳои меҳнатиеро идора мекунанд, ки аллакай ташаккул ёфтаанд. Дар сохтори коллектив метавонад, ки марду зан якҷоя, ё пурра мардҳо ва ё пурра занҳо амал намоянд. Ин ҷиҳати масъала пеш аз ҳама ба хусусияти кор, соҳа ва вазифаҳои корхона вобаста мебошад. Менеҷер чунин гурӯҳҳои кори монанди комиссияҳо, кумитаҳо, шӯроҳо ва ғайраро ташкил мекунад, ки ҳам ба таври доимӣ ва ҳам муваққатан амал менамоянд.

Менеҷер дар ҷараёни ташаккули коллектив бояд омилҳои зеринро дар назар дошта бошад:
❖ муайян кардани мақсади аниқ барои коллектив ва барои худ, ки ҳар як аъзои коллектив мавқеи худро дониста, барои иҷрои он омода бошад;
❖ мутахассисони заруриро барои иштирок дар кори коллектив, даъват намуда, фикру ақидаи онҳоро ҷиҳати ба мақсад ва роҳҳои ба мақсад расидан дар назар дошта бошад;
❖ ба таври доимӣ ва мунтазам доир ба ҷамъбасти ҷории давраи кори коллектив маҷлисҳои кӯтоҳ гузаронида, сӯҳбат ва муҳокима намояд;
❖ дар байни аъзои коллектив ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳумро таъмин намуда, коргароне, ки натиҷаи хуб ба даст овардаанд, ҳавасманд намояд.

Омилҳои боло барои ташкили коллективи нав шароит муҳайё месозад. Роҳбари коллективи ташаккулёфта бояд донад, ки роҳҳои зерини интихоби аъзоёни коллектив вуҷуд дорад.

  1. Усули сотсиографӣ. Истифодаи ин усул ҳамон вақт самаранок мегардад, ки агар коргарон якдигарро хуб донанд, яъне ҳар як коргар бояд ду нафарро аз коллектив интихоб намояд ва онҳо хоҳиши якҷоя кор карданро дошта бошанд. Дар асоси ахбори гирифташуда сотсиограмма тартиб дода мешавад. Бо истифода аз ин нақша менеҷер шахсонеро муайян мекунад, ки хоҳиши дар коллектив кор кардан доранд.

Чунин усул барои менеҷер имкон медиҳад, ки хоҳиш доштан, ё надоштани онҳоро нисбат ба роҳбарии худаш муайян созад.

пешина
аз 465
навбатӣ