Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дараҷаи таъсиррасонии рӯҳии коллектив ба аъзои худ.
- Муҳити рӯҳӣ - маънавӣ. Ҳар як одам ҳангоми ба коллектив дохил шудан, бошуурона, ё худ аз рӯи интуитсия таъсири рӯҳии коллектив, муҳит, меъёр, тартибот ва қоидаҳои муайяншударо ҳис мекунад.
Ба муҳити рӯҳию маънавии корхона як қатор ҳолатҳо ва мотивҳои фаъолияти одамон таъсир мекунанд. Дар байни онҳо мақсади асосии корхона, сабаби ташкили коллектив, усул ва воситаҳои ба мақсад расидан, меъёрҳои умумӣ ва робитаи ҳамдигарӣ, тақсимоти боадолати меҳнат ва ӯҳдадориҳо дар байни одамон мавқеи муҳим доранд. Ҳамаи ин шеваи кории менеҷерро муайян сохта, барои омӯзиши онҳое, ки нав ба кор омадаанд ёрӣ мерасонад.
Адолатпарастӣ, баробарӣ ва бародарӣ - шиори садсолаҳо маълуми инсонӣ мебошад. Ин шиор, адолат ба ахлоқи ҳасана ва волои инсоният, одамият меомӯзонад ва мебоист сухани рӯимизии ҳар як менеҷери кордон ва таҷрибадор бошад. Дар куҷое, ки ин шиор амал мекунад, дар он ҷо муҳити хуби рӯҳию маънавӣ амал мекунад.
Дар ташкил намудани муҳити хуби рӯҳии коллектив дар шева ва усули роҳбарӣ ҷойгоҳи арзанда дорад. Роҳбаре, ки дар коллектив аз рӯи меъёрҳои ахлоқӣ ва демократӣ амал мекунад, аз эҳтироми хосе бархурдор хоҳад буд. Албатта чунин роҳбар дар коллективҳои меҳнатие мушоҳида мешавад, ки меъёрҳои ахлоқӣ ва маънавӣ фазои умумии корхонаро фаро гирифта бошад.
Муҳити солими меҳнатӣ дар коллектив имкон медиҳад, ки самаранокии меҳнат афзуда, муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ ташкил карда, мушкилоти пешомада рафъ карда шаванд. Бар хилофи ин муҳити ғайрисолими корӣ табъи коргаронро хира карда, ҳосилнокии меҳнат паст намуда, барои роҳбар мушкилоти бисёре пеш меорад.
Ҳамин тариқ, муҳити маънавӣ ва рӯҳии коллективи меҳнатӣ бо тавсифи хуби худ имкон медиҳад, ки одамон бо бовармандии том кор карда, қаноатманд бошанд. Дар ин сурат аҳли коллектив якдилу якмаром меҳнат намуда, торафт қувваҳои навро ҷалб месозад.
Муттаҳидии коргарони коллектив аз як қатор сабабҳо вобаста аст. Аввал ин ки дар як вақти кӯтоҳ коллективро муттаҳид намудан мушкил мебошад. Дар ҳар ҳолат ин давра гуногун мебошад. Аз ин хотир, аниқ муайян кардан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор