Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳолати дуюм, ҳангоме ки ба коллектив одамони таҷрибаноки дорои фикру ақида ва хислатҳои хори худ пайдо мешавад, ҷараёни мураккаб ба вуҷуд меояд. Одами нав метавонад, ки тарафдорон ва муқобилони худро ёфта, коллективро барҳам диҳад. Бинобар ин менеҷер бояд донад, ки дар коллектив ӯ киро мехоҳад ва бо кӣ риштаи дӯстӣ мепайвандад. Коллектив низ баъди муддате гузаштан ӯро санҷида, баҳо медиҳад.

Коргари нав, дар ҳолате ки ба коллективи муттаҳид меояд, ҳамон вақт кор карда метавонад, ки агар ӯ қоидаҳои дохилӣ ва қарорҳои менеҷментро итоат карда, иҷро намояд, вагарна маҷбур аст, ки коллективро тарк гӯяд.

15.4. Роҳҳои идоракунии иқтидори кормандони корхона

Масъалаҳои таъминоти кормандони корхона дар баробари ташкили корхона ба миён меоянд. Инкишофи соҳаи саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, алоқа, истеҳсолоти ҳарбӣ зарурияти тадқиқоти масъалаи таъминоти кормандиро ба вуҷуд оварданд.

Дар тамоми давлатҳои мутараққӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ роҳҳои илмии таъминоти кормандони корхона кор карда баромада шудааст, ки дар асоси пешниҳоди иқтисодшиносон, равоншиносон, ҷомеашиносон ва дигар мутахассисон тарҳрезӣ гардидааст.

Дар аксари давлатҳо марказҳои калони тадқиқотӣ амал мекунанд, ки фақат доир ба масъалаҳои кормандӣ пажӯҳиш мебаранд.

Дар корхонаҳо бошад, шӯъбаи кормандон вуҷуд дорад, ки онҳо бевосита доир ба интихоб, ҷо ба ҷо гузорӣ ва пешниҳоди кормандон хизмат мекунанд.

Дар илм ва амалия дар шароити феълӣ ин равияи нави менеҷменти кормандӣ мебошад. Сардори шӯъбаи кормандон бояд, ки доир ба мутахассисон як қатор ахборро донад ва истифода баранд. Ба ин масъалаҳо дохил мешаванд: Масъалаҳои демографӣ:
дараҷа ва тарзи зиндагонии аҳолӣ;
имконоти коргарони кироя;
интихоби кормандон;
тайёрии касбӣ ва ҷобаҷогузории кормандон;

пешина
аз 465
навбатӣ