Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Барои ташкили дурусти ҷараёни кори менеҷерони корхонаҳо корҳои зиёди ташкили илмии меҳнатро мегузаронанд.
Имрӯз дар илм ва амалияи идоракунӣ як қатор равияҳои кори менеҷер дар соҳаи ТИМ (ташкили илмии меҳнат) вуҷуд дорад:
-
Равияи техникӣ — ҳамаи қувва бо истифодаи самараноки захираҳои ашё ва энергетика, захираҳои истеҳсолӣ, техника ва технологияи нав, системаи нави ахбор ва ғайра равона карда шудааст.
-
Равияи молиявӣ ва иқтисодӣ, барои дуруст истифода бурдани захираҳои молиявии корхона, интихоб ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳо равона карда шудааст.
-
Равияи иҷтимоию равонӣ, ки фаъолияти ҷомеашиносу, равоншиносу коргарони соҳаи тандурустӣ, варзиш ва ғайраро дарбар мегирад.
Нақшаи ташкили илмии меҳнат (ТИМ) аз якчанд қисмҳо иборат мебошад:
-
Ташкили беҳтарин ҷои корӣ.
-
Беҳтар намудани хизматрасонии ҷои корӣ.
-
Беҳтар кардани тақсимот ва кооператсияи меҳнат.
-
Ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами меҳнат.
-
Беҳтар кардани бамеъёргирӣ ва музди меҳнат.
-
Мустаҳкам кардани интизоми меҳнат.
-
Азнавтайёркунии коргарон аз рӯи ихтисоси нав.
-
Беҳтар намудани шароити меҳнат ва истироҳат.
-
Беҳтар намудани маданияти ташкилӣ.
-
Баланд бардоштани дараҷаи фоиданокии вақти корӣ.
Ҳамин тариқ, ташкили меҳнат кори ҳаррӯзаи роҳбар ба ҳисоб меравад.
Равияи асосии кор бо кормандон дар кори менеҷмент истифодабарии сифатҳои неке, ки дар ҳар як шахс вуҷуд дорад, мебошад. Шароити муҳим пайдо намудан барои амалӣ гардонидани дараҷаи кормандони корхона бо роҳи истифодаи дурусти воситаҳои моддӣ ва техникӣ ташкили илмии меҳнатро боз ҳам беҳтар мегардонад.
15.6. Саволҳои санҷишӣ
- Коллектив гуфта чиро меноманд?
- Меъёрҳои коллектив, муҳити рӯҳӣ, конформизм, гурӯҳҳои ғайрирасмиро шарҳ диҳед.
- Гурӯҳбандии коллектив аз рӯи кадом омилҳо сурат мегирад?
- Гурӯҳи академикии худро тавсиянома диҳед.
- Коллективро чӣ тавр бояд дӯст кард ва нигоҳ дошт?
- Мақсадҳои коллектив чӣ тавр муайян карда мешаванд?
- Хусусиятҳои миллӣ, урфу одат ба коллектив чӣ тавр таъсир мерасонад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор