Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
кордон бояд барои дарки ҳамаҷонибаи коргарон аз рӯи қоидаи «роҳбари кордон — ин яъне пеш аз ҳама, бо худ созиш кардан аст» доимо тайёр бошад.
Ҳамин тариқ, менеҷменти корхона як қисми хурди иқтисодиёти давлат, ё мамлакат ба ҳисоб мераванд. Менеҷер, пеш аз ҳама, табақаи болоии идоракунӣ аст ва бояд доимо ба назар гирад, ки мавҷудияти корхона дар шароити бозор пурра аз ӯ вобаста аст. Мавҷудияти корхона дар ҳолате қаноатманд ҳисоб карда мешавад, ки агар талаботи ҳаётии коргарони он ва истеъмолкунандагон бапуррагӣ таъмин карда шавад.
16.3. Таҷрибаи тайёр намудани менеҷерони касбӣ дар системаи менеҷменти мамлакатҳои хориҷа
Дар шароити иқтисоди бозорӣ бурду бохти ҳар як корхона ба он вобаста аст, ки ташкили истеҳсолии он чӣ тарз ба роҳ монда шудааст. Менеҷер субъектест, ки дар идоракунӣ ва ташкили истеҳсолот мақоми асосиро мебозад. Бинобар ин, донистани роҳу усулҳо ва санъати идоракунӣ нишонаи баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ буда, унсури муҳими менеҷменти корхона мебошад.
Дар боби мазкур шаклҳои тайёр кардани менеҷер, мақоми он дар корхона, илм ва санъати идоракунӣ, рафтори менеҷер ва роҳҳои истифодаи дурусти меҳнати фикрӣ баррасӣ мешавад.
Дар ҳама зинаҳои тараққиёти ҷамъият, дар тамоми ҷаҳон, яке аз масъалаҳои вазнини иқтисодӣ доир ба ташкил ва идоракунии истеҳсолот, ин масъалаи тайёр кардани кормандони идоракунанда мебошад. Муҳими ва мушкилии ин масъала, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари тараққиёти илму техника хислати меҳнати фикрӣ то чанд мураккаб мешавад. Аз ин рӯ, кормандони идоракунанда худро ҳамеша ба ин мувофиқ кунанд, ё кормандони нави идоракуниро бояд ба даст гиранд, то ин ки сабаби монеа, ё паст шудани дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ нагарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё