Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Сохтори идоравии биноӣ (корпус). Ин дараҷаи охирини идоракунии функционалӣ мебошад, ки чор зинагӣ аст. Яъне: 1. Сардори завод. 2. Сардори корпус. 3. Сардори коргоҳ. 4. Сардори қитъа.
Баъдан дар ҳар як дараҷаи идоракунӣ оҳиста-оҳиста сохторҳои нав бо мутахассисон пайдо шудаанд, ки самаранокии идоракуниро таъмин месохтанд, яъне ҷонишин, ёрдамчӣ, котиб ва ғайра.
Дар шароити имрӯза сохтори идоракунӣ ба омили функционалӣ такя мекунад, яъне роҳбар барои кори алоҳида таъин карда мешавад.
Сохтори базавии идоракунии функционалӣ асосҳои таърихӣ дорад.
Сохтори функционалии идоравӣ имкон медиҳад:
-
Пурра марказонидани идоракунӣ аз боло то поён, ки имконоти ягонагии фаъолият таъмин карда шавад.
-
Марказонидани маводи зарурӣ, инсонӣ ва захираҳои молиявӣ барои ҳалли масъалаҳои асосии стратегӣ. Мақсад ва вазифа, таъмини самаранокии идоракунии оқилона ва ҷорӣ.
-
Ҷорӣ намудани системаи сохти назорати роҳбарони тамоми зинаҳои идоракунӣ ва коргарони алоҳида, муайян намудани меъёр ва фаъолияти банормагирӣ.
-
Ташаккули кормандони идоракунанда, вобаста ба функцияҳои алоҳидаи идоракунӣ.
-
Тайёр кардани шароит барои инкишофи ояндаи истеҳсолоти хусусӣ, дар шароити рақобати озод ва шаклҳои гуногуни иттиҳодияҳои монополистӣ, пайдоиши картелҳо, ширкатҳо ва ғайра.
Бо ҳама сифатҳои худ сохтори функционалии идоракунӣ, дар миёнаи асри XX аз ӯҳдаи масоилҳои рӯзмарраи идоракунӣ баромада натавонистанд.
Охири асри XX ҳамчун давраи инкишофи босуръати илму техника ва технологияи компютерӣ ба ҳисоб меравад, ки системаи функционалии идоракунӣ, бо қоидаҳои бюрократии марказонидашудаи худ аз навигариҳо истифода карда натавониста, боиси монеаи ин пешравӣ гаштааст.
Дар ин сохтор низ сохтори тақсимотӣ ба вуҷуд омад, ки кулли сохторҳои функционалиро дар бар мегиранд. Яъне масъалаҳои васеъ ва калони иқтисодию сиёсӣ, ё худ стратегии роҳбариро табақаи олӣ ба ӯҳда гирифта, функцияҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё