Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳамин тариқ, мақоми нақши идоракуниро Минсберг чунин менависад: «Интихоби якчанд меъёрҳои рафторие мебошад, ки ба корхонаи мушаххас ва вазифаи мушаххас мувофиқат мекунад».
Дар солҳои охир чунин ақидаҳо мавҷуд мебошанд, ки идоракунии корхона ҳамчун иҷрои функцияи он мебошад.
Аз ҳамин нуқтаи назар аксари олимони бахши идоракунӣ дар чунин ақида мебошанд, ки идоракунӣ раванди банақшагирӣ, ташкил, мотивация ва назоратӣ мебошад, ки дар корхона барои ба мақсад расидан истифода мекунанд.
Дар ҳар як корхона вобаста ба сохтори корхона ва хусусияти кории он муайян мумкин аст, ки ҳар як роҳбар дар кадом дараҷаи системаи идоракунӣ қарор дорад. Асосан идоракунии корхонаҳо 3-4 зинагии амудӣ ташкил карда мешавад: зинаи олӣ, ё болоӣ, миёна ва поёнӣ. Вобаста ба зинаи идоракунӣ дараҷаи он низ тағйир меёбад, ки шакли аҳромро дорад.
Миқдори роҳбарон ва сохторҳои идоракунии корхонаҳо вобаста ба табақаи идоракунӣ кам шудан мегиранд ва дар боло фақат як нафар мемонад, ки роҳбар, директор, ё худ президенти ширкат ном дорад.
Ҳамин тариқ, сохтори идоракунии корхона ҳамчун қисми таркибии сохтори ташкилии корхона ба ҳисоб рафта, дар иҷрои ҷиҳати функционалии вай кӯмак расонида, барои ба мақсадҳои оинномавии худ расидан ба корхона шароит муҳайё месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё