Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Расми 3. Стратегияи комплексии маркетинг.
Панҷ концепсияи рақобатнокии маркетингӣ вуҷуд дорад:
- Концепсияи истеҳсолӣ.
- Концепсияи молӣ.
- Концепсияи нишонагирӣ ба фурӯш.
- Концепсияи маркетингӣ.
- Концепсияи масъулияти иҷтимоӣ.
Арзиши мол ва қаноатмандии истеъмолкунанда. Иқтисодчии бузург П.Друкер тасдиқ мекунад, ки вазифаи муҳими аввалини ташкилот - ин барпо кардани истеъмолкунанда мебошад.
Харидори имрӯза ба як қатор унсурҳо тамғаи тиҷоратӣ, нарх ва фурӯшанда диққат медиҳад. Асосан барои истеъмолкунандаи имрӯза арзишҳо дар доираи хароҷоте, ки вай мекунад, мақоми олӣ дорад.
Дараҷаи қаноатмандии истеъмолкунанда - қаноатмандӣ аз хариди мол ва пешбинии ӯ ба сифати воқеии мол муайян карда мешавад. Аз дигар тараф, ин функсияи интизорӣ ва тавсифи воқеии истифодаи мол аст. Агар истифодаи воқеии мол аз дараҷаи пешбинии харидор паст бошад, он гоҳ вай хеле ғамгин шуда, қаноатманд намешавад. Агар мувофиқат намояд, он гоҳ қаноатманд, вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё