Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
фаъолияти мақсадноки одамони дигар барои паст кардани обрӯ; ноомади кори тасодуфӣ.
Сармояи башарӣ. Имрӯз дар менеҷмент одамон дигар ҳамчун омили оддии истеҳсоли не, балки ҳамчун захираи асосие, ки аз он дараҷаи самаранокии кори корхона вобастагии калон дорад, ҳисоб карда мешаванд. Чунин ҳолат бо сабаби иваз шудани нақши одам дар истеҳсолоти замонавӣ ба вуҷуд омадааст, ки бо якчанд омилҳо вобаста мебошанд:
муташанниҷ шудани рақобати бозор, ки талаботро ба муносибати коргарон дигар намудааст;
таҷрибаи пешқадами ширкатҳои ҷопонӣ, ки аз ҳисоби коргарон фоидаи калон ба даст оварданд;
тағйирёбии ҳайати коргарон, баланд шудани дараҷаи дониш ва ҷаҳонбинии онҳо;
тағйир ёфтани мазмуни меҳнат вобаста ба пайдоиши технологияи навтарини замонавӣ;
инкишофи демократия дар такрори истеҳсоли ҷамъият;
баланд шудани арзиши қувваи корӣ.
Ҳамин тариқ, сармояи башарӣ гуфта, кулли хосиятҳои маданӣ, шахсию психологӣ, кордонӣ, қобилияти фаъолият, дониш ва дигар унсурҳои инкишофи шахсро меноманд.
Аз дигар тараф онро сармояи зеҳнӣ низ мегӯянд.
Сармояи башарӣ ба шаклҳои зерин ҷудо карда мешавад:
умумӣ - донишҳое, ки шахс дорад;
махсус - дониши махсуси шахс, ки доир ба ихтисоси алоҳида, ё кори алоҳида дорад;
Хислати асосии сармояи башарӣ инҳо мебошанд:
миқдор ва сохтори коргарон;
саломатии физиологӣ ва рӯҳии онҳо;
дониш, таҷриба, малака;
фаъолияти корӣ ва иҷтимоӣ;
нишонгирии шахсии маънавӣ;
масъулияти шаҳрвандӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо