Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мақсади ба даст овардани самаранокии аксари иттиҳодияҳо ташкил карда мешаванд. Самаранокии умумии фаъолияти иттиҳодиявии аз кулли самаранокиҳои алоҳида, аз рӯи нақшаи тадқиқотҳои илмӣ, маблағгузорӣ ва фурӯши мол муайян карда мешаванд.

Зарур мебошад, ки дар идоракунии иттиҳодиявии қоидаи истифодабарии базаи ахбориро барои гирифтани маълумотҳои идоракунии иттиҳодиявӣ, ҳисоботҳои ҳар як шахси ҳуқуқӣ дар алоҳидагӣ истифода намоем. Ташкили фазои ягонаи ахборӣ имкон медиҳад, ки менеҷменти иттиҳодия бе монеа, новобаста аз мавзеъ ва минтақаи ҷойгиршавӣ, ахбори аниқи саривақтӣ гирифта, таҳлил карда, оиди вазифаҳои оянда хулоса барорад.

Модели иттиҳодиявии идоракунӣ модели ташкилие мебошад, ки бо ёрии вай ҳар як иштироккунандаи иттиҳодия стратегия ва тактикаи фаъолияти худро кор карда амалӣ мегардонад, инчунин манфиати иқтисодӣ ва иҷтимоии умумиро ҳимоя мекунад.

Барои ташаккули модели иттиҳодиявии идоракунӣ таъсири калонро анъанаҳои таърихӣ ва маданияту инкишофи иқтисодиёти мамлакатҳо, урфу одати мардуми онҳо мебозанд.

Мисол модели американӣ шӯрои директоронро ташкил менамояд, ки дар ҳайати он директорони ташкилотҳо, саҳҳомон, инчунин директорони кироя, ки дар сармояи корхона аъзо нестанд, дохил мешаванд. Дар шӯрои директорони модели америкоии ҳалли масъала бо роҳи овоздиҳии аксарият қабул мегардад. Хусусияти хоси ин модел дар он аст, ки бисёр саҳҳомони хурд низ иштирок мекунанд.

Модели олмонии шӯрои директорон раванди дудараҷагӣ дорад: якум — шӯрои машваратию назоратӣ, ки директорон новобаста дорад; дуюм — шӯрои иҷроия, ки аз саҳҳомон иборат мебошад. Функция ва ӯҳдадориҳои ҳарду шӯроҳо аниқ муайян мебошанд. Шӯрои иҷроия дар назди Шӯрои машваратию назоратӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

Модели ҷопонии шӯрои директорони иттиҳодия пурра аз иштироккунандагони дохила иборат мебошад. Ҳайати шӯроҳои директорон аслан аз шӯроҳои ИМА ва Олмону Британияи Кабир зиёд буда, ба ҳисоби

пешина
аз 512
навбатӣ