Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
табиат ва зарурияти фаъолияти ҷорӣ;
имконоти дар оянда доштани захираҳои техникӣ, тиҷоратӣ;
молиявӣ ва дигар шароитҳо.
Барномаи фаъолиятӣ (нақшаи корӣ) яке аз вазифаҳои мураккаб ва муҳими менеҷмент мебошанд. Дар ҷараёни фаъолияти ин функция, мақоми маъмурии роҳбар дида мешавад. Дар ин барнома як қатор талаботҳо, аз ҷумлаи ягона, бефосила, ёзанда ва аниқ будан дида мешавад. Асосан барномаи солона самаранок ҳисоб карда шудааст.
А. Файол тасдиқ мекунад, ки кори системавии роҳбар доир ба барномаҳои ҳарсола қимматнокии онро барои мизоҷон баланд бардошта, сол аз сол ин барнома такмил ёфта, аз пешина дида хубтару беҳтар мегардад. Чунин фикр зарурияти нақшаҳои яксола ва дарозмуддати стратегӣ мебошанд.
Барои тартиб додан ва коркарди чунин нақшаҳо роҳбарон-менеҷерон бояд сифатҳои зеринро дошта бошанд.
- Санъати идоракунии коргаронро доштан.
- Фаъол ва эҷодкор будан.
- Матоияти маънавӣ.
- Таъмин намудани мустаҳкамии ҳайати роҳбарият.
- Мувофиқати касбӣ.
- Дорои таҷрибаи соҳибкорӣ будан.
Аз рӯи унсурҳои сифатие, ки дар боло қайд кардем, қариб ки аз нисф зиёди роҳбарон-менеҷерони корхонаҳои Тоҷикистон барои ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ будан тайёр намудан зарур мебошад.
Бо ақидаи А. Файол функцияҳои асосии менеҷерон дар идоракунии маъмурӣ чунин мебошанд:
- Ояндабинӣ.
- Ташкилӣ.
- Ҳукмронӣ.
- Ҳамоҳангсозӣ.
- Назоратӣ.
А. Файол функцияи асосии роҳбарияти маъмурии кориро ҳамчун система ҷудо мекунад, ки ба ин мавзӯъ қисмати алоҳида бахшида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё