Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бомуваффақияти» худро ёбад, ҳамонеро ки ба фаъолияти самаранок ва натиҷадор табдил меёбад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки амалӣ гардонидани нақшаҳо ва ҳаракатҳои дуруст тайёршуда, фаъолияти махсусро дар шакли қарори саривақтӣ ва дастгирии коммуникатсионӣ талаб мекунад. Дар ин шароит коммуникатсия дар шакли мубодилаи ахборе, ки барои қабули қарори идоракунӣ ва иҷрои он зарур мебошад, баромад мекунад.

Коммуникатсия ва қабули қарорро мактаби америкоии менеҷмент ҳамчун ҷараёни бо ҳам алоқаманд, яъне пайвасткунандаи чор унсури функционалии менеҷер: банақшагирӣ, ташкил, мотиватсия ва назорат мешуморад.

Ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбор

Қабули қарор ва расонидани он то иҷрокунанда

Ҷараёнҳои коммуникатсионӣ

Тайёрӣ ба фаъолият
❖ банақшагирӣ;
❖ ташкили кор.

Фаъолияти амалӣ ва роҳбарии оқилона

[НАЗОРАТ]

Расми 6. Роҳбарии оқилона дар системаи функцияҳои менеҷер.

Роҳбарии оқилона ҳамчун унсури бемайлони танзимдарории таъсиррасонӣ ба фаъолияти функционалии ташкилот, доир ба «танзими ҷараёни бизнес» ва ҳамчун омили таъминкунандаи алоқамандии ин ҷараён мемонанд.

Таҳлили унсурҳое, ки мактаби америкоии менеҷмент ба ҳайати ҷараёни пайвасткунанда ва таъминкунандаи самаранокии идоракунӣ дохил мекунанд,

пешина
аз 512
навбатӣ