Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Расми 8. «Силсилаи функцияҳои асосии менеҷер ва мақоми одам дар он.

Функсияи идоракунии оқилона ду хусусият ба худ хос дорад:

  1. Ба анҷомрасии кори менеҷероне, ки нақшаи фаъолияти корхонаро тайёр намуданд ва шароитро барои фаъолияти ояндаи коргарон оид ба иҷрои ин нақша ё худ корҳои зарурӣ муҳайё карданд.

  2. Саршавии фаъолияти функционалӣ оид ба ҷорӣ намудани нақшаҳо, ки саршавии таъсири амалӣ ба фаъолияти ташкилот аз муҳити беруна мебошад. Суръати гузариши ҷараёнҳо ба муҳити беруна, зарурияти объективии роҳбарии оқилона дар вақти муайян номида мешавад.

Ҳамин тариқ вақт ва суръати кори менеҷерон зимни банақшагирӣ ва ташкили фаъолият аз тарафи «менеҷерон» муайян шудааст. Чунин мазмун дорад, ки ин реҷаи кориро худашон муайян намудаанд. Самаранокии роҳбарии оқилона, аз муҳити беруна ва тарафдории ҳамаи аъзоёни корхона барои иҷрои мақсад вобаста мебошад.

Ҳамин тариқ, дар таркиби функцияи «Роҳбарии оқилона» мақсаднок мебуд, ки агар мо як қатор унсурҳое, ки шартан ба ду гурӯҳи бо ҳам алоқаманд ва вобаста ҷудо намоем:
❖ раванди технологии менеҷерӣ;
❖ раванди иҷтимоӣ-руҳӣ, алоқаманд бо таъсиррасонӣ ба шахсияти одамон (коргарон, мизоҷон ва ҳамкорон).

пешина
аз 512
навбатӣ